5 июли соли 2023 дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи Корхонаи металлургӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки чун анъана Сарвари ятимпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Дар мулоқоти имрӯза ба ятимон дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, маҷмӯи сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.
Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯст тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Ҳангоми тақдими тӯҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ, шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат беҳтару хубтар карда мешавад. Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат, илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.
Ятимони кул аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар як кишвари ободу зебо зиндагӣ карда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафарободи вилояти Суғд суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи муосир ҳидоят намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба души худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё месозад.
Дар ҷавоб ба ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.