Панҷуми ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупоро бо раҳбарии Ивета Григуле, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардани ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупоро фоли нек номида, изҳори боварӣ намуд, ки сафари онҳо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ду ҷониб такони нави созанда хоҳад дод.
- Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷонибдори боэътимоди ҳамкории фарох бо Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳо бо Аврупо мебошад, ки ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо пазируфта шудааст, — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле дар навбати худ, аз ҷумла изҳор дошт: «Мо Тоҷикистонро шарики хуб, боэътимод ва созандаи хеш дар Осиёи Марказӣ медонем».
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Парлумони Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт: «Имрӯз дар раванди муносибатҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ ба мадди аввал мебароянд».
Дар робита ба ин, ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон чун энергетика, саноат, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ҷумла таъкид гардид, ки «мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ин мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию амниятии кишвари мо ва кулли минтақа бо фарогирии Афғонистон аст».
Ҳамчунин атрофи раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, зарурати идомаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, авзои кунунии Шарқи Наздик ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
www.president.tj