Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Роштқалъа

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

19933564999_56cbc1437e_o29 июли  соли 2015 сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт.

Дар деҳаи Барҷангали деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» оғоз бахшид.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар саросари кишвар бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обиро ба роҳ мондааст. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, сарфи назар аз афзоиши шумораи аҳолӣ-истифодабарандагони асосии неруи барқ ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Сол то сол реҷаи маҳдудияти таъмини неруи барқ кам карда мешавад. Ҷойи зикр аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона минтақаи калони ҷумҳурӣ аст, ки тамоми сол бо неруи барқ таъмин аст.

19497621264_aeee8e243e_oЛоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии даҳ мегаватт бо истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои барқи обии хурд дар давраи солҳои 2009-2020» ба нақша гирифта шудааст. Барои сохтмони неругоҳ беш аз 180 миллион сомонӣ равона мегардад.

Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар масофаи 15 километр дар қисми шарқии шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст.Баъди ба кор даровардани неругоҳ то 60 нафар кадрҳои соҳибихтисоси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

Бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолтаи «Себзор – Хоруғ» бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин минбаъд боиси баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.

Дар ноҳияи Роштқалъа низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳия ва ҷавонон мулоқот намуд.

Дар панҷ соли охир аксари супоришҳои вобаста ба ноҳияи Роштқалъа додашуда то имрӯз ҳалли худро пайдо кардаанд.

 www.president.tj