Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири федералии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон

№6 (3486) 13.01.2016

12471621_957359504334236_8128637219932865395_o (600 x 399)12 январи соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири федералии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осифро, ки бо ҳайати расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

-Мо нисбат ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди миёни Тоҷикистону Покистон хушбин ҳастем ва тамоми кӯшишу талоши заруриро барои рушду тавсеаи онҳо ба харҷ хоҳем дод, — таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Вазири федералии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф низ дар навбати худ чунин изҳор дошт: «Дарвоқеъ сафари давлатии ба наздикӣ анҷомдодаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле гарму самимӣ ва пурмуҳтаво буд, ки дар он доираи васеи масоили дуҷонибаи кишварҳоямон муҳокима ва натиҷаҳои пурбор ба даст оварда шуданд».

Ҷонибҳо фаъолияти Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистонро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор, ки бо қарори якҷояи роҳбарони ду давлат таъсис дода шудааст, амри зарурӣ донистанд.

Таъкид гардид, ки оғози татбиқи лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ -  сохтмони хатти интиқоли барқи CASA -1000 нақши ҳалкунанда дорад ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкории зич ва ҷалби сармояи покистонӣ, қабл аз ҳама дар соҳаи инфрасохтор ва гидроэнергетика, ҳамаҷониба омода аст.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ вобаста ба сохтмони роҳҳои автомобилӣ, роҳҳои оҳан ва барқарор сохтани парвозҳои мустақим байни ду кишвар, иштироки ширкатҳои Покистон дар сармоягузории лоиҳаҳои гуногуни энергетикӣ, истихроҷи нефту газ ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ҷалби ширкатҳои Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар Покистон, ҳамкориҳо дар самти таҳкими иқтидори мудофиавӣ бо роҳи таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими сарҳадоти мо бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мубориза бо терроризм баррасӣ карда шуданд.

Дар охири гуфтушунид Муҳаммад Осиф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин хабар дод: «Бо дастури Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф мехоҳам ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Покистонро нисбати мусибати соли гузашта дар Бадахшон рухдода, ки дар натиҷаи заминларзаи шадид хисороти калон ба вуҷуд омад, расонам ва ҳамчунин кумаки башардӯстонаи Покистонро ба маблағи як миллион доллари ИМА пешниҳод намоям».

www.president.tj