Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен

№101 (4684) 14.08.2023

53114485652_bdfc6480dc_o14-уми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Анненро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоиву гуманитарӣ имкониятҳои васеи рушди робитаҳои судмандро доранд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди тақвияти минбаъдаи муносиботи созандаи миёни ду кишвар буда, соҳаҳои энергетика, бахусус гидроэнергетика чун манбаи рушди “энергияи сабз”, илму маориф ва технологияҳо, масъалаҳои тағйирёбии иқлимро ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ҳарду ҷониб медонад.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти сарони давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон муҳокима гардиданд.

Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои ин чорабинӣ ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии кишварҳои минтақаи мо ва Олмон мусоидат хоҳад намуд.

Ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

www.prezident.tj