15 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷаронӣ мулоқот намуданд.
Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон василаи муассири таҳкими равобити дуҷониба ва таъмини манфиатҳои давлатҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо изҳори итминон ба ояндаи неки муносибатҳои байнидавлатӣ, нақши парламентҳои ду давлатро дар таҳкими муколамаи сиёсии пайвастаи Тоҷикистону Покистон муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон баҳои баланд дода шуд ва зарурати ба роҳ мондани машваратҳои васеи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ доир ба масъалаҳои сулҳу амният дар минтақа таъкид гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба нақши Тоҷикистону Покистон дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000, ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, дар заминаи гузаштан ба «энергетикаи сабз», рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту сармоягузорӣ ва фарҳангу тандурустӣ баррасӣ гардида, роҳҳои баланд бардоштани нақши парлумонҳо дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар ин соҳаҳҳо таъкид гардид.
Баргузор намудани форумҳои байнипарлумонӣ дар Тоҷикистон ва Покистон воситаи муассири таҳкимбахши ҳамкориҳои ду давлат дар тамоми соҳаҳои барои ҳарду ҷониб афзалиятнок маънидод гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба мушкилоти хатарбори минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таҳдиди терроризму экстремизм ба амнияту суботи давлатҳо, шиддат ёфтани низоъҳо, бархурдҳои иттилоотӣ ва қиберҷиноятҳо, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои фалокатбори он, инчунин афзоиши бемориҳои сироятӣ ва зарурати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо дар чунин шароит табодули афкор намуданд.