30 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурори генералии Федератсияи Россия Игор Красновро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураи кишварҳоро зимни ҳамкории шарикии стратегӣ махсус таъкид намуданд.
Ҷонибҳо паҳлуҳои гуногуни ҳамкориро дар самти таъмини амният дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, кибер-ҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки бо таҳмили идеологияҳои гуногуни динии радикалӣ алоқаманданд, баррасӣ карданд.
Инчунин, вобаста ба вазъи мураккаб дар Афғонистон, масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, аҳамияти иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ «Дар бораи рӯйхати созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ» таъкид шуд.
Зимни мулоқот ҳамкории мақомоти прокуратураи ҳар ду кишвар дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои истирдод ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар қаламрави якдигар низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.