Мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ

№124 (3918) 13.10.2018

44351577745_1bb791a318_o12 октябри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ ва сохторҳои доимоамалкунандаи Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Барои иштирок дар ин нишасти сатҳи баланд Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Кетсян, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳамметкалӣ Абилгазиев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Курейшӣ, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас, дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, намояндагони кишварҳои Эрону Муғулистон ва дигарон ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо ва иштирокчиёни Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласа барору комёбӣ ва натиҷаҳои пур­арзиш орзу карданд.

Таъкид гардид, ки Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз ҳамчун як сохтори муосиру бонуфузи муносибатҳои байналхалқӣ фаъолият дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкории кишварҳои аъзо дар асоси боварию эътимод ва эътирофи манфиатҳо барои муносибатҳои дарозмуҳлат ба роҳ монда шудааст.

Тоҷикистон ба масъалаи таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти аввалиндараҷа дода, тамоми кӯшишу талошро барои рушду пешрафти он равона месозад.

Сарвари давлат таъкид дош­танд, ки натиҷаҳои ҷаласа барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда оид ба таъмиқу густариши муносибатҳои бисёрсамта байни давлатҳои аъзои СҲШ ниҳоят муҳим аст.

Таъкид гардид, ки таъмини амният ва сулҳу субот дар минтақаи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай яке аз самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои аъзои он мебошад.

Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад таъкид доштанд, ки: «Омилҳои шиддатёбии таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ моро водор месозанд, ки дар чаҳорчӯбаи созмон таваҷҷуҳи махсусро ба муборизаи муштарак бар зидди се хатар — терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҳамчунин, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, паҳн кардани идеологияи динии радикалӣ, ҷинояткории кибернетикӣ ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, равона созем».

Зикр гардид, ки фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба амнияти минтақавӣ таҳдид мекунад. Дар робита ба ин, зарур аст ҳамкории амалиро дар муборизаи муассир бар зидди гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ тақвият бахшид.

Ноил шудан ба муваффақият дар ин масъала асосан аз ҳамоҳангсозии мавқеъгирии умумӣ дар муайян кардани моҳияти зуҳуроти терроризм ва экстремизм дар сатҳи байналмилалӣ вобаста аст. Бинобар истифода аз «меъёрҳои духӯра» дар муносибат ба ин масъала, гурӯҳҳои мухталифи радикалӣ аз парастории иттилоотиву сиёсӣ, молиявӣ ва дигар шарикҳои дастгирии ташкилоту ҷонибҳои алоҳида бархӯрдоранд.

Қайд гардид, ки дар самти ҳамоҳангсозии самараноки талошҳои давлатҳои аъзо дар мубориза бар зидди таҳдидҳо ва мушкилоти ҷаҳонӣ, сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай нақши муҳим мебозад.

Қочоқи маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии дастгирии молиявӣ барои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад, ҳамчун мушкилоти дигар дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ номбар карда шуд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки субот ва амният дар минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай ва атрофи он мустақиман ба вазъияти феълии Шарқи Наздик ва Афғонистон алоқаманд аст.

Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон омили муҳиму калидии таҳким ва таъмини амнияти умум ва субот дар минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои равобити иқтисодиро, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад, махсус таъкид карданд .

Пешниҳод гардид, ки ба рушди минтақавии долонҳо — нақлиётиву  транзитӣ, ки мамлакатҳоро мепайвандад, диққати махсус дода шавад. Дар ин замина, аҳамияти муҳими пешбурди лоиҳаҳои муштарак оид ба таҷдиди роҳҳои мошингузар ва роҳи оҳан, инчунин, ташаккули хатҳои нави нақлиётӣ таъкид шуд.

Дар робита ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, Сарвари давлати Тоҷикистон воқеияти афзоиши мунтазами истеъмоли энергия, бинобар  рушди иқтисодиёти минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай ва тамоюли афзоиши аҳолӣ дар фазои онро махсус қайд карданд.

Масъалаҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, аз ҳад зиёд партофтани гази карбон ба атмосфера, ҳамчун омиле ёдоварӣ шуд, ки бояд дар доираи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкории васеъ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки рушди неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, ҳамчун яке аз омилҳои калидӣ барои пешбурди иқтисоди «сабз», муҳим мебошад.

Ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа, бо ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ дар ҳама самти фаъолияти хоҷагидорӣ, аз зумраи масъалаҳои мубрами робитаҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ арзёбӣ гардиданд.

Робитаҳо дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ ҳамчун яке аз самтҳои дигари муҳими ҳамкорӣ муайян карда шуданд, ки ба наздикшавии халқҳои минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай мусоидат мекунанд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай минбаъд низ барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳои аъзо ва баланд бардоштани нақши он дар робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯшиш хоҳад намуд.

www.president.tj