Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ

№2 (3482) 04.01.2016

24039860222_96330f9c72_oРӯзи сеюми январи соли 2016 маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Девони Маликӣ — Қасри Ямома доир гардид.

Ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Горди фахрии шоҳӣ саф ороста буданд ва парчамҳои ҳар ду кишвар парафшонӣ менамуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Сипас, сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дод. Баъди гузориши фармондеҳи Горди фахрии шоҳӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд аз назди сарбозони Горди фахрии шоҳӣ гузаштанд ва Сарвари давлати Тоҷикистон ба Парчами давлатии Арабистони Саудӣ эҳтиром ба ҷо овард.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб шинос шуданд.

Дар мулоқоти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Муҳокимаи мавзӯъҳои гуногун нахуст дар суҳбати хосаи сатҳи олӣ оғоз ва зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду кишвар идома ёфт.

Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Эмомалӣ Раҳмонро ба Мамлакати Арабистони Саудӣ хайра мақдам гуфта, аз имкони муҳокимаи бевоситаи масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду кишвари дӯст изҳори хушнудӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз нахустин имкони дидор бо Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд изҳори хушҳолӣ карда, таъкид дошт: «Мо дар Тоҷикистон кишвари Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ дорем».

Дар идомаи суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки «мардумон ва кишварҳои моро муштаракоти зиёди таърихию тамаддунӣ ва маънавӣ ба ҳам мепайвандад».

Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи муносиботи ду кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони ислому араб ва зиёда аз ин дар тамоми олам яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи ин давра бар асоси эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ, аз ҷумла зимни се сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ, миёни ду кишвар равобити хуби сиёсӣ ба роҳ монда шуд.

Зимни музокироти созанда доир ба роҳҳои таҳким ва густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ҳамгиройии муштарак дар таъмини амну суботи минтақавӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ҳар ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои калидии глобаливу минтақавии сиёсати байналмилалӣ мавқеи ба ҳам наздик ё монанд ва барои дарёфти роҳҳои ҳаллу мушкилоти мавҷуда ҳамёрии созанда доранд ва аз ташаббусҳову иқдомҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ пайваста дастгирӣ менамоянд.

Дар робита ба ҳамкории амниятии ду кишвар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид дошт: «Суботу амнияти Осиёи Марказӣ, ки бо хатару таҳдидҳои терроризму ифротгаройӣ низ рӯ ба рӯ аст, пеш аз ҳама, бо вазъияти ташвишовари Афғонистони бо мо ҳамсоя сахт алоқамандӣ дорад ва аз ин рӯ, масъалаи ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад».

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имкон доранд дар соҳаи амният, аз ҷумла дар муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ — терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаклҳои барои ҳар ду тараф мақбул ҳамкории судбахш ба роҳ монанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои иқтисодӣ ва дастгириҳои молиявии Арабистони Саудӣ, аз татбиқи чанд лоиҳаи инфрасохторӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаи Хумб ва сохтмони чанд мактабу шифохона, бо қадрдонӣ ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки «ҳамкории иқтисодии мо ҳанӯз ҷавобгӯйи зарфияту имкониятҳои имрӯзаи кишварҳои мо нест».

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем ва дар ин самтҳо ҳамкории дарозмуддату судманди байни кишварҳоямонро ба роҳ монем».

Иштироки ҷониби Арабистони Саудӣ дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикию обии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили сохтмони неругоҳҳои барқи обии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, инчунин бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва истихроҷу коркарди маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо амри матлуб дониста шуд.

Барои ин фаъолияти бештару назарраси Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки ҷаласаи нахустинаш соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, зарур дониста шуд.

Ба ташкил ва густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва илмию фарҳангӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар охири гуфтушунид Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Мамлакати Арабистони Саудӣ;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ.

www.president.tj