2 июли соли 2024 баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъи ду ҷониб идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр — Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
“Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом хеле муҳим медонем. Аз ин рӯ, алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкории худ бо кишвари бародари Покистон ҳастем”, — таъкид доштанд дар оғози мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҷараёни вохӯрӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ва маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамаҷонибаи пайвандҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Покистон муҳокима гардид.
Дар ин зимн ҷонибҳо хоҳони густариши бештари робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, бахшҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан ва кишоварзӣ шуданд.
Ҳамчунин, бо мақсади вусъат додани ҷанбаҳои дигари ҳамкорӣ баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва таъсис додани Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000-ро пайвандгари воқеии кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ номиданд.
Дар идомаи мулоқот масъалаи дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ, хусусан роҳҳо ва бандарҳои обии Покистон муҳокима карда шуда, ҷонибҳо ба амалисозии лоиҳаҳои пайвастшавии ду кишвари дӯст тавассути роҳҳои мошингарду оҳан диққати зиёд доданд.
Рушди ҳамкории дуҷониба дар самти логистика ва баррасии имкониятҳои таъсис додани марказҳои логистикӣ дар яке аз минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Покистон ба манфиати кор дониста шуд.
Густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯён, рушди муносибатҳои фарҳангию башардӯстӣ ва тандурустӣ аз масъалаҳои дигари музокироти сатҳи олӣ буд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба раванди ташвишовари бесубот гардидани вазъи ҷаҳон, осебпазир шудани низоми амнияти байналмилаливу минтақавӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ табодули андеша намуданд.
Аз ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ба кишвари дӯсти Покистон ҷиҳати пуштибонии доимӣ аз ташаббусҳои муҳимми Тоҷикистон дар ҷодаи об ва иқлим изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.