Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон

№112 (3413) 21.08.2015

20540270269_3c7153a4b8_oИдомаи суҳбати созандаи сатҳи олӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуда, тавофуқоти зиёд ҳосил гардид.

Ду кишвари дӯст тасмим гирифтанд, ки ҳамгироии худро дар масоили таъмини амнияту суботи минтақавӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим густариш диҳанд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои стратегии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.

Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар ҷоннок карда шавад.

Тибқи масъалагузориҳои Президенти Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Туркманистон пазируфта шуд, ояндаи наздик миёни Душанбею Ашхобод бояд хатсайри мустақими ҳавоӣ боз ва шумораи квотаҳои президентии ду кишвар барои таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигар афзун гардад. Минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ҳам таҳсил хоҳанд кард. Масъалаи рафтуомади бераводиди дорандагони шиносномаҳои хизматӣ ҳалли худро меёбад. Робитаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва саноати тиббӣ низ густариш хоҳанд ёфт.

Гурбонгули Бердимуҳаммадов аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки моҳи декабри соли равон ба Ашхобод барои иштирок дар тантанаҳои 20-солагии эълони «Бетарафии доимии Туркманистон» ташриф биёрад.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз Гурбонгули Бердимуҳаммадов даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳар ду даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти музокирот панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Маркази фарҳанги давлатии Вазорати фарҳанги Туркманистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;

- Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон;

- Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркманистон барои солҳои 2016-2017;

- Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов.

Сипас, сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммадов бо изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ муроҷиат карда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки минбаъд муносиботи ду кишварро 75 санади ҳамкорӣ танзим хоҳанд кард.

www.president.tj