15 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро, бинобар сабаби анҷоми ваколаташ дар ин вазифа, ба ҳузур пазируфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба рушди бештари робитаҳо баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола манфиатдор аст.
Александр Зуев ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати созанда ва ҳамкории пурсамари Ҳукумати Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки минбаъд низ тамоми чораҳоро меандешад, то ки ин муносибот дар оянда ҳам дар сатҳи матлуб барои ҳар ду тараф идома ёбад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо ва расондани кумаки техникиро ба Тоҷикистон омили муҳиме баҳри ноил гардидан ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат арзёбӣ намуданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид оянда ҳам судбахшу боровар хоҳад буд.
www. president.tj