Мусоҳиба бо хабарнигорони се расонаи маъруфи Хитой

№45 (3995) 23.04.2019

47611461152_bd0cf19a44_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Шабакаи телевизиони «Сиситивӣ» (CCTV-русӣ), Агентии иттилоотии «Синхуа» ва нашрияи «Женмин Жибао»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой мусоҳиба анҷом доданд.

Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик ва шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд. Самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ташкил медиҳанд. Ҳар ду ҷониб дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории босамарро ба роҳ монда, аъзои ташкилотҳои бонуфузи олам, аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳбарони ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалию минтақавӣ, инчунин, саҳмгузори рушди муносибатҳои ҳамкории кишварҳои аъзо мебошанд.

32721743137_6092d52337_oРоҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдории худро оид ба рушду густариш ва таҳкими муносибатҳо бо Хитой дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҷонибҳо бар нафъи аҳли башар иброз медоранд. Аз ҷумла, кишвари мо ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ташаббуси таърихии «Як камарбанд-як роҳ» ва эҳёи «Роҳи бузурги абрешим» ҳавасмандии зиёд зоҳир намуд.

Бо дарназардошти мавқеи муҳиму устувори кишвари мо дар амалӣ кардани ҳадафи ояндадори ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ» хабарнигорони шабакаҳои бонуфузи иттилоотии Хитой қабл аз баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои Тоҷикистон, Хитой ва дигар кишварҳои иштирокчии ин иқдом дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом доданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва афзалияти ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ» дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, аҳамияти баргузории ҳамоиши сарони давлатҳо, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ — Тоҷикистону Хитой, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин, дигар самтҳои равобити дуҷониба, ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.

Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ дар Шабакаи телевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, сомонаҳои интернетӣ, Агентии иттилоотии «Синхуа», рӯзномаи калонтарини Хитой — «Жэнмин Жибао» ва дигар воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос гардид ва аллакай миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои он огаҳӣ пайдо карданд.

www.president.tj