Мусоҳиба бо рӯзноманигорони кувайтӣ

№74 (3059) 18.06.2013

кувайт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 15 июни соли 2013 ба суолҳои як гурӯҳ рӯзноманигорони маъруфи кувайтӣ посух гуфт.

 Хотиррасон бояд намуд, ки ин мусоҳиба, чун анъана, дар арафаи сафари давлатии қарибулвуқуи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт сурат гирифт.

Гурӯҳи хабарнигорони кувайтӣ, ки бо намояндагӣ аз шабакаҳои маъруфи телевизионӣ, агентиҳои иттилоотӣ ва рӯзномаҳои ин кишвари арабӣ ҳузур доштанд, аз ҳадафҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт, натиҷаҳои мунтазираи он, фазои ҳуқуқии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, имконоти рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ пурсон шуданд.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорони кувайтӣ посухҳои муфассалу густурда дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки боздиди навбатиаш аз Давлати Кувайт, ки мақоми давлатӣ дорад, «оғозбахши марҳилаи сифатан нав дар муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар хоҳад буд».

www.prezident.tj