Вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

№100 (3085) 05.08.2013

IMG_0078 - копия

Якуми августи соли 2013 дар шаҳри Москва мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид.

Дар мулоқот маҷмуи васеи мавзуъҳои вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои энергетика, муҳоҷирати корӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг зоҳир гардид.

Владимир Путин бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки «Россия шарики рақами яки тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз ҳаҷми умумии ҳамкории тиҷоратии хориҷии Тоҷикистон 21 фоизаш саҳми Россия аст». Ӯ ҳамчунин афзуд, ки «ҳаҷми сармоягузории Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад».

Владимир Путин ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маориф баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «наздики панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик ҳоло дар Россия таҳсил мекунанд ва танҳо соли гузашта беш аз 500 нафар аз ҳисоби буҷети Россия барои таҳсил ба мактабҳои олӣ қабул карда шуд».

Президенти Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барои даъват ба Москва арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки зимни ин мулоқот доир ба масоили гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муҳоҷирати корӣ, содироти маҳсулоти нафтии Россия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва мавзуъҳои минтақавию байналмилалӣ тавофуқоти зарурӣ ҳосил мегарданд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба муҳлати ба тасвиб расондан ва татбиқи босамари санадҳое, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Владимир Путин дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд, сурат гирифт. Тавре зикр гардид, дар ояндаи наздик ин масъалаҳо бояд ҳалли ниҳоии худро ёбанд.

Баррасии дурнамои авзои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Осиёи Марказӣ пас аз соли 2014, яъне пас аз ихроҷи неруҳои байналмилалии  посдори сулҳ аз ин кишвар аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.

Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши робитаҳои анъанавии ҳамшарикии стратегӣ таъкид доштанд.

www.president.tj