Субҳи рӯзи 13 сентябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Халқии Хитойро барои мусоҳиба ба ҳузур пазируфт.
Дар ин мусоҳиба, аз ҷумла хабарнигорон аз Агентии иттилоотии «Синхуа», рӯзномаи «Женмин Жибао», Телевизиони марказии Хитой (CCTV), радиои байналмилалии Хитой ва дигар расонаҳои ин давлат, ки аксараш нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ширкат доштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои сершумори онҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Хитой, ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай, авзои минтақа ва ҷаҳон посух дод.
Посух ба саволҳои Радиои байналмилалии Хитой
-Пас аз Саммити Душанбегии СҲШ сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Шумо аз ин сафар чиро интизоред? Ин сафар барои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой чӣ аҳамият дорад?
-Бовар дорам, ки сафари аввалини давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпин ба рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни кишварҳои мо такони ҷиддии тоза мебахшад.
Мо бовар дорем, ки зимни татбиқи амалии бастаи созишномаҳо ва шартномаҳои дуҷониба, барномаҳои ҳамкорӣ то соли 2020 имкон меёбем, ки ба таври мукаммал тамоми афзалиятҳои ҳамсоядорӣ ва пуррагардонии иқтисодамонро амалӣ созем, гуногунӣ ва афзоиши назарраси тиҷорати дуҷонибаро таъмин созем, ҷанбаи фарҳангию гуманитарии ҳамкориҳоямонро тақвият бахшем, яъне таҳкурсии дӯстии абадии Тоҷикистону Хитойро бештар таҳким бахшем.
-Ҷаноби Президент, Шумо ҳолати имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитойро дар бисёр соҳаҳо чӣ гуна баҳо медиҳед?
-Мо аз Ҳукумати Хитой барои кумак ва дастгирӣ дар сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, кӯпрукҳо ва нақбҳо, иншоотҳои бузурги энергетикӣ ва иҷтимоӣ миннатдорем. Ба шарофати қарзҳои имтиёзноки пешниҳодшуда мо тавонистем, ки дар кӯтоҳтарин давраи таърихӣ низоми ягонаи миллии энергетикиро ташкил диҳем, садҳо километр роҳҳоеро, ки онҳо на танҳо ҷанубро бо шимол пайвастанд, балки бори аввал дар таърих роҳи мустақими мошингардро бо Хитой кушоданд, бунёд кунем. Имрӯз ба ҷойи инфрасохтори суст ва арзиши баланди логистика роҳҳои замонавӣ ва нақшаҳои содаи дастрас намудани мол фароҳам меоянд.
Дар тӯли 15 моҳи охир — баъд аз сафари расмии соли гузаштаи ман ба Хитой, дар муносибатҳо миёни давлатҳои мо пешрафти назаррас ба даст омадааст. Сатҳи баланди фаъолнокӣ дар тамоми самтҳо-дар тиҷорат, робитаҳои иқтисодӣ, илм, фарҳанг, варзиш ба мушоҳида мерасад. Робитаҳо миёни вазоратҳои калидӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа хеле мустаҳкам шудаанд. Алоқаҳо миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфтаанд. Ҳамаи ин натиҷаи кӯшишҳои муштарак, татбиқи амалии созишномаҳоест, ки ман ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпин дар се мулоқотамон дар Пекин, Бишкек ва Шанхай соли гузашта ва имсол ба даст овардаем.
Ба шарофати кӯшишҳои муштарак иқтисоди Тоҷикистон ва Хитой дар амал пурракунандаи ҳамдигар гардиданд. Ҳанӯз чанд сол қабл аз ин мо ҳатто ба худ тасаввур карда наметавонистем, ки ҳудуди думиллиарда (бо доллари амрикоӣ)-ро дар тиҷорати мутақобила мегузашта бошем. Имрӯз мо пеши худ вазифа гузоштаем, ки дар тӯли панҷ соли оянда нишондиҳандаи гардиши дуҷонибаи савдоямонро то се миллиард доллар баланд бардорем. Ва ин вазифа барои ман ва ҷаноби Раис ҳаргиз дастнорас наменамояд.
-Ба фикри Шумо, иқтидори минбаъдаи рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷониба чӣ гуна аст? Аз рӯйи кадом самтҳо Тоҷикистон ва Хитой метавонанд ҳамкории мутақобилаашонро таҳким бахшанд?
-Иқтидори ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой беинтиҳост ва азхудкунии мунтазами марҳила ба марҳилаи худро дар тамоми соҳаҳои мувофиқ ба манфиатҳо интизор аст. Гумон дорем, ки агар дар ояндаи наздик Тоҷикистон ва Хитой ҳамкории амалиро дар бахши сарчашмаҳои аз нав барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, дар соҳаи гидроэнергетика тавонанд оғоз кунанд, ба дастовардҳои калон ноил мегарданд.
Ҳавасмандии мутақобила мавҷуд аст ва дар оянда бояд дар самти беҳгардонии инфрасохтори Тоҷикистон, сохтмони шоҳроҳҳои мошингарду роҳи оҳан фаъолона ҳамкорӣ кард. Зимни ин мо итминон дорем, ки дар солҳои минбаъда ҷанбаи сармоягузории ҳамкориҳои иқтисодӣ бемайлон афзоиш меёбад ва нисбат ба ҷанбаи қарзии ин фаъолият афзалият пайдо мекунад.
Тоҷикистон омода ва ҳавасманд аст, ки таваҷҷуҳи сармоягузорони хитойиро ба бозори миллии худ ҷалб намояд. Дар ин замина чунин меҳисобем, ки дар шароити кунунӣ зарур аст, ки баъзе шаклҳои нави ҳамкориро роҳандозӣ намоем. Пеш аз ҳама, мо барои гузаштан аз қолаби содироти маҳсулоти аввалия ба ташаккули ҳалқаҳои истеҳсолии ба оянда нигаронидашуда ҳавасмандем. Ба ибораи дигар, ба мо пойгоҳҳои истеҳсолию технологии рушди тоҷикистонию хитойӣ заруранд. Мо мехоҳем таҷрибаи истеҳсолию технологии хитойиро бо мақсади баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мавҷуда дар ҷомеаамон истифода намоем.
-Дар соли равон Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай раёсат дошт. Шумо ба рушди СҲШ чӣ гуна баҳо медиҳед? Давлатҳои аъзои ин Созмон, аз ҷумла Тоҷикистон ва Хитой, бо амалӣ сохтани ҳамкориҳои бисёрҷониба ба кадом дастовардҳо ноил гардиданд?
-Соли гузашта, соли баъд аз Саммити СҲШ дар Бишкек барои Созмон давраи масъулиятнок буд, даврае, ки зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки роҳи муштараки тайшуда ва корҳо барои муайян кардани самтҳои нави рушди он дар солҳои наздик идома ёфтанд. Ҳамаи ин дар Эъломияи Душанбегии СҲШ, ки мо онҳоро аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши кунунӣ қабул намудем, инъикоси худро пайдо намуд.
«Рӯҳияи Шанхай» имрӯз ба тамоми ҷабҳаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ворид шудааст ва қисми ҷудонопазири он гардидааст. Ин ба манфиати тамоми онҳоест, ки ба таъмини сулҳу субот, рушди устувори минтақа манфиатдоранд.
Барои Тоҷикистон, яксон чун дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, бо пайдо шудани СҲШ шароитҳо барои рушди бехатар ва устувор ба вуҷуд омаданд ва барои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ такони ҷиддӣ дода шуд.
Аз лаҳзаҳои ташкили СҲШ мо имкон пайдо намудем, ки бо ҳифзи «рӯҳияи Шанхай», созмони худро дар радифи бонуфузтарин ва обрӯмандтарин созмонҳои ҷаҳонӣ қарор диҳем. СҲШ барои ҳамкориҳои минтақавӣ василаи бисёрҷабҳа ва таъсирнок гардид. Ҳамзамон интизориҳои шаҳрвандони давлатҳои аъзои ин Созмон афзуданд. Вазифаи умумии мо дар оянда он аст, ки ҳама гуна корро барои он анҷом диҳем, ки СҲШ вазифаҳои дар пеш гузошташуда, аз ҷумла таъмини сулҳу субот ва шукуфоиро дар тамоми АвруОсиё самарабахш иҷро намояд.
Дар Саммити Душанбегии СҲШ мо ба Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмон супориш додем, ки корҳоро барои анҷом додани мувофиқаи лоиҳаи «Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025» ва пешниҳоди он ба баррасии ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзо ташкил намоянд. Бо қабули он дар соли 2015 дар фаъолияти СҲШ марҳилаи ҷиддӣ шурӯъ мегардад. Дар бисёр мавридҳо он бо дурнамои наздики қабули аъзои нав ба СҲШ алоқаманд мегардад. Дар асл, мо дар остонаи на танҳо афзоиши миқдорӣ, балки рушди сифатии СҲШ қарор дорем.
-Ҷаноби Президент, Шумо муносиботи минбаъдаи Тоҷикистону Хитойро чӣ гуна баҳо медиҳед? Чӣ фикр доред, бо кадом усул хуб аст, ки шарикии стратегии ду кишвар рушд кунад? Боз дар кадом самтҳо мумкин аст, ки муносиботи дуҷониба таҳким ёбад?
-Иқтидори ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой беинтиҳост ва азхудкунии мунтазами марҳила ба марҳилаи худро дар тамоми соҳаҳои мувофиқ ба манфиатҳо интизор аст.
Гумон дорем, ки агар дар ояндаи наздик Тоҷикистон ва Хитой ҳамкории амалиро дар бахши сарчашмаҳои аз нав барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, дар соҳаи гидроэнергетика тавонанд оғоз кунанд, ба дастовардҳои калон ноил мегарданд.
Ҳавасмандии мутақобила мавҷуд аст ва дар оянда бояд дар самти беҳгардонии инфрасохтори Тоҷикистон, сохтмони шоҳроҳҳои мошингарду роҳи оҳан фаъолона ҳамкорӣ кард. Зимни ин мо итминон дорем, ки дар солҳои минбаъда ҷанбаи сармоягузории ҳамкориҳои иқтисодӣ бемайлон афзоиш меёбад ва нисбат ба ҷанбаи қарзии ин фаъолият афзалият пайдо мекунад.
Тоҷикистон омода ва ҳавасманд аст, ки таваҷҷуҳи сармоягузорони хитойиро ба бозори миллии худ ҷалб намояд. Дар ин замина чунин меҳисобем, ки дар шароити кунунӣ зарур аст, ки баъзе шаклҳои нави ҳамкориро роҳандозӣ намоем.
Пеш аз ҳама, мо барои гузаштан аз қолаби содироти маҳсулоти аввалия ба ташаккули ҳалқаҳои истеҳсолии ба оянда нигаронидашуда ҳавасмандем. Ба ибораи дигар, ба мо пойгоҳҳои истеҳсолию технологии рушди тоҷикистонию хитойӣ заруранд. Мо мехоҳем таҷрибаи истеҳсолию технологии хитойиро ба мақсади баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мавҷуда дар ҷомеаамон истифода намоем.
-Соли гузашта Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпин ҳангоми сафари хориҷии худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ идея дар бораи зарурати таъсиси «камарбанди иқтисодӣ»-и Шоҳроҳи бузурги абрешимро пешниҳод кард. Ҷаноби Президент, Шумо ин идеяи Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитойро чӣ тавр қабул доред? Ин идея дар татбиқи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ чӣ таъсир мерасонад? Тоҷикистону Хитой дар кадом самтҳо ҷиҳати бунёд ва рушди «камарбанди иқтисодӣ»-и Роҳи абрешим метавонанд ҳамкорӣ кунанд?
-Шоҳроҳи бузурги абрешим дастоварди барҷастаи тамаддуни инсонӣ аст. Осиёи Марказӣ дар тӯли асрҳои зиёд ҳамчун шоҳраги хунгарди Шоҳроҳи бузурги абрешим хизмат кардааст. Имрӯз барои давлатҳои мо имконияти аз нав эҳё намудани Шоҳроҳи бузурги абрешим фароҳам омадааст.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳроҳи бузурги абрешим ин на танҳо таърих ва анъана, балки сарчашмаи беинтиҳои робитаҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои осиёӣ, қабл аз ҳама бо Хитой мебошад.
Моро зарур аст, ки мунтазам ба сӯйи ҳамкории истеҳсолӣ ва илмию техникӣ қадам ниҳем. Ин раванд марҳила ба марҳила тавассути ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ пурзӯр мегардад. Бинобар ин, мо иқдоми Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпинро барои ташкили он ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Кӯшишҳои дастаҷамъонаи давлатҳо барои эҳёи фазои Шоҳроҳи бузурги абрешим ва дар самти рушди муколамаи тамаддунҳо, ки мо онро на танҳо ҳамчун муколамаи фарҳангӣ қабул мекунем, аҳамияти беандоза доранд. Ин омил масоили рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ё худ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсонӣ фаро мегирад.
Нақшаҳои мо ва гомҳои Тоҷикистон оид ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим серҷабҳа мебошанд. Яке аз ин ҷабҳаҳо он аст, ки мо бо Ҳукумати Хитой ва дигар кишварҳо дар кори бунёди роҳҳои нави оҳан ва мошингард фаъолона ҳамкорӣ мекунем. Мо бояд ба таври пурра вазифаи масъулиятноки ҳалқаи муҳими ҳамлу нақл буданро дар тиҷорати Хитой бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва халиҷи Форс иҷро намоем.
Посух ба саволҳои Телевизиони марказии Хитой
-Таъсисёбии «камарбанди иқтисодӣ»-и Шоҳроҳи бузурги абрешим ба Тоҷикистон, ҳамчун ҳамсояи Хитой, чӣ имконият медиҳад?
- Шоҳроҳи бузурги абрешим – дастоварди ноёби тамаддуни башарият мебошад. Осиёи Марказӣ дар тӯли қарнҳои зиёд ҳамчун артерияи хунгузари Шоҳроҳи бузурги абрешим хизмат кардааст. Имрӯз ба давлатҳои мо имконият даст додааст, ки Шоҳроҳи бузурги Абрешимро дар шакли нав эҳё намоем.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳроҳи бузурги абрешим ин на танҳо таърих ва анъана, балки манбаи тамомнашавандаи рушди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои Осиё, пеш аз ҳама, бо Хитой ба ҳисоб меравад. Ба мо зарур аст, ки мунтазам ба кооператсияи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ пайгирӣ намоем ва манфиатҳои умумии иқтисодиро ташаккул диҳем. Ин раванд аллакай тадриҷан дар ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои CҲШ тақвият ёфта истодааст. «Ҳалқаи тиллоӣ»-и ин раванд метавонад «камарбанди иқтисодӣ» дар саросари Шоҳроҳи бузурги абрешим гардад. Бинобар ин, мо ҳамаҷониба тасмими Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпинро оид ба таъсиси он дастгирӣ хоҳем кард.
Аҳамияти бузургро кӯшишҳои дастаҷамъонаи давлатҳо оид ба эҳё намудани фазои Шоҳроҳи бузурги абрешим ва дар нақшаи рушди гуфтугӯи тамаддунҳо, ки мо на танҳо ва на он қадар ҳамчун муколамаи фарҳангҳо мефаҳмем, доро мебошанд. Ин формула ҳам масъалаҳои рушди манфиатҳои мутақобила дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳам тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими инсониятро фаро мегирад.
Нақшаҳо ва иқдомҳои Тоҷикистон бобати эҳёи Шоҳроҳи бузурги абрешим бисёрҷанбаанд. Яке аз ҷанбаҳо аз он иборат аст, ки мо бо Ҳукумати Хитой ва дигар кишварҳо дар сохтмони роҳҳои автомобилӣ ва оҳан фаъолона ҳамкорӣ ва пурра масъулияти бузурги муҳими ҳалқаи транзитӣ барои тиҷорати Хитой бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва халиҷи Форсро иҷро хоҳем кард.
-Саммити Душанбегии CҲШ чӣ дастовардҳо меорад? CҲШ барои аъзояш чӣ аҳамият дорад?
-Соли гузашта, пас аз Саммити Бишкеки CҲШ, ба таври истисно давраи муҳими Созмон буд, вақте ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки мувофиқаҳои якҷояи роҳи тайнамуда давом меёфт ва бобати муайян намудани самти нави рушди он дар солҳои наздик кор мерафт. Ҳамаи ин дар Декларатсияи Душанбегии CҲШ, ки мо дар ҷамъбасти Саммити ҳозира қабул намудем, нақши худро пайдо намуд.
«Рӯҳияи Шанхай» имрӯз ба тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои байналхалқӣ ворид шуд ва қисми ҷудонашавандаи он гардид. Ин ба манфиати касоне ҳаст, ки самимона дар таъмини сулҳ ва субот ва рушди устувори иқтисодии минтақа манфиатдоранд. Барои Тоҷикистон, дар баробари дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, бо пайдо гардидани CҲШ вазъи рушди бехатар ва устувор беҳтар шуд ва ба ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ такони ҷиддӣ дод.
Аз лаҳзаи таъсиси CҲШ мо тавонистем «рӯҳияи Шанхай» — ро нигоҳ дошта, Созмонамонро ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳон табдил диҳем. CҲШ механизми бисёрҷабҳа ва амалии ҳамкории минтақавӣ гардид. Ҳамзамон интизориҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзои СҲШ афзуданд. Ҳадафи ягонаи мо дар ояндаи наздик ин иҷрои саривақтии ҳадаф ва вазифаҳои дар пешгузоштаи CҲШ оид ба таъмини сулҳ, субот ва рушд дар тамоми фазои АвруОсиё мебошад.
Дар Саммити Душанбегии СҲШ мо Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмонро вазифадор намудем, ки кори анҷомёбии ҳамоҳангии лоиҳаи Стратегияи рушди CҲШ- ро то соли 2025 омода сохта, онро барои муҳокима дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзо пешниҳод намоянд. Аз лаҳзаи қабули он — соли 2015 дар фаъолияти СҲШ давраи нав оғоз меёбад, ки аз бисёр ҷиҳат он ба дурнамои қабули аъзои нав ба CҲШ иртибот дорад.
Посух ба саволҳои маҷаллаи «Global People»
-Ҷаноби Президент, Шумо зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Йи иброз доштед, ки муносибатҳо миёни роҳбарони ду давлат беҳтарин боварии дуҷониба буда, муносибатҳои дӯстона ва расонидани кумаки мутақобила таҳким ёфтаанд. Лутфан ба мо дар бораи робитаҳои дуҷониба бо Раиси ҶХХ ҷаноби Си Сзинпин ва роҳбарони пешинаи Хитой нақл кунед. Шумо ба шахсияти Раиси ҶХХ ҷаноби Си Сзинпин ва собиқ роҳбарони Хитой чӣ гуна баҳо медиҳед?
-Баробари ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои худро бо ҶХХ «аз сифр» ба роҳ монд. Имрӯз муносибатҳои байнидавлатии мо ба сатҳи шарикии стратегӣ баромаданд, табодули мол ҳанӯз се сол қабл аз нишондиҳандаи ду миллиард доллар гузашта буд. Ҳамаи ин ба шарофати он имконпазир гардид, ки баъди 22 соли барқарор шудани муносибатҳои дипломатии ду давлат дӯстии шахсӣ, ошкорбаёнӣ ва боварии пурраи мутақобила дар муносибатҳои дутарафаи пешвоён меъёр гардиданд.
Ҳаргиз тасодуфӣ набуд, ки ба ҳайси роҳбари давлат моҳи марти соли 1993 ман аввалин сафари расмии хориҷиамро берун аз ҳудуди фазои пасошӯравӣ маҳз ба Хитой анҷом додам. Баъди аз нав интихоб гардиданам ба вазифаи Президенти кишвар моҳи ноябри соли 2006 аввалин сафари расмии хориҷии ман ҳамчунин ба ин кишвар иттифоқ афтод.
Вохӯриҳои зиёдамро чӣ дар Хитой ва чӣ дар Тоҷикистон бо собиқ раисони ҶХХ, дӯстонам Тзин Тземин ва Ху Тзинтао, ки барои барқарорсозӣ ва афзоиши густариши муносибатҳои байни ду кишвар, ҳалли муваффақонаи масъалаи мураккаби сарҳадӣ, ки ба мо аз гузаштаи таърихӣ ба мерос монда буд, корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд, бо дилгармӣ ба ёд меорам.
Ман аз Раиси ҳозираи ҶХХ ҷаноби Си Сзинпин бисёр миннатдорам, ки даъвати маро барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Тоҷикистон пазируфт ва дар кори Шӯрои сарони кишварҳои аъзои СҲШ саҳми калони худро гузошт. Ин боз як намунаи дурахшони он аст, ки торҳои дӯстӣ ва ҳамсоядории нек ду миллати бародар ва давлатҳоро бо ҳам мепайванданд.
Шиносоии шахсии ман бо ҷаноби Раис аз моҳи майи соли 2013 маншаъ гирифтааст. То мулоқот дар Душанбе мо бо ҳам се маротиба -дар Пекин, Бишкек ва Шанхай вохӯрда будем. Ман эҳсос мекунам, ки миёни мо дӯстии самимӣ тавлид мешавад. Ман дар симои ҷаноби Раис шахси бисёр хуб ва соҳибистеъдод, яке аз пешвоёни баландмартабаи замони муосир, роҳбари пурқувват ва ҳадафманди Хитой, тарафдори самимии таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷонибаро мебинам.
Бовар дорам, ки сафари нахустини ҷаноби Си Сзинпин ба Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни кишварҳои мо такони бузург мебахшад.
-СҲШ соли 2001 ташкил гардид. Ҷаноби Президент, Шумо ҳамчун шоҳид ва иштирокчии рушди ин Созмон ба аҳамияти таърихӣ ва вазифаи имрӯзаи он чӣ гуна баҳо медиҳед? Дар ҳамоишҳои пешинаи СҲШ барои Шумо ягон рӯйдоди фаромӯшнашаванда буд?
-Дар ҳақиқат, Тоҷикистон дар саргаҳи ташкили СҲШ қарор дошт. Бори аввал дар бораи шакливазкунии «Панҷгонаи Шанхай» ба созмони байналмилалӣ, тавре ки маълум аст, моҳи июли соли 2000 маҳз дар шаҳри Душанбе дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Шанхай сухан ба миён омад.
СҲШ — низоми нави ҳамкориҳои байниминтақавӣ мебошад. Созмони мо аллакай худро ҳамчун қисми ҷудонопазири сохтори амнияти ҷаҳонӣ тавсия кардааст. Ва аҳамияти он на танҳо дар ин аст. СҲШ- нигоҳи нав ба созмони минтақавист, ҷойи ӯ дар ҷаҳони муосир ва зудтағйирёбанда, ки дар он масоили сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳанг ва маориф якҷоя печидаанд, равшан ва устувор аст. СҲШ, бе муболиға, дар муносибатҳои мутақобилаи ҷуғрофиёи сиёсии «Шарқ-Ғарб» марҳилаи навро кушод.
Бағоят муҳим аст, ки дар қатори амалӣ сохтани муборизаи муштарак бо «се офат» ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, дар доираи СҲШ мо тадбирҳои амалиро оид ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодӣ меандешем. Масалан, Хитой барои таҷдиди тиҷорати бузурги миллӣ ва минтақавӣ-лоиҳаҳои дохили фазои «Шанхай» маблағ ҷудо мекунад.
Дар мавриди таассуроти фаромӯшнашавандаи ман аз саммитҳои пешинаи СҲШ бояд гӯям, ки дар ёди ман дар бораи ҳамаи онҳо хотираҳои нек боқӣ мондаанд. Ҳар кадоми он ба таври худ аслӣ, такрорнашаванда, самаранок ва ибратомӯз мебошад. Вале эҳсоси аз ҳама баланди ман, албатта, аз Саммити нахустини СҲШ аз моҳи июни соли 2001 дар Шанхай мебошад, замоне ки мо-сарони давлатҳо Эъломияро дар бораи таъсиси Созмон эълон кардем.
Посух ба суолҳои рӯзномаи «Женмин Жибао»
-Соли гузашта сарони ду давлат ташкили шарикии стратегӣ миёни Хитой ва Тоҷикистонро, ки марҳилаи нави рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Хитойро боз намуд, эълон намуданд.Ҷаноби Президент, Шумо рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Хитойро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
-Мо ба муносибат бо Хитой баҳои баланд медиҳем. Барои давлати мо муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек бо ҳамсояи бузурги Хитой — аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамчун самти асосии сиёсати хориҷӣ, афзалияти мутлақи он боқӣ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи саъю кӯшишро барои таҳкими минбаъда ва рушди муносибатҳои шарикони стратегӣ бо Хитой равона намуда, дар ғанӣ гардонидани доимӣ ва рушди он саҳми худро мегузорад.
-Ҷаноби Президент, Шумо аз муносибатҳои оянда миёни Тоҷикистон ва Хитой чӣ умед доред? Шумо чӣ фикр доред, шаклҳои хушбинона ва беҳтарини рушди шарикии стратегӣ миёни ду кишвар чӣ гунаанд? Боз бо кадом самтҳо метавон ҳамкории Тоҷикистону Хитойро таҳким бахшид?
-Дар чаҳорчӯбаи аввалин сафари давлатии Раиси ҶХХ ҷаноби Си Сзинпин имзои Эъломияи муштарак дар бораи тақвияти муносибатҳои шарикии стратегӣ ва қабули Барномаи ҳамкорӣ то соли 2020 дар назар аст. Дар матни ин ҳуҷҷатҳо, ки хусусияти ошкоро доранд ва барои матбуот дастрасанд, ҷавоби саҳеҳу возеҳ ба суоли шумо оварда шудааст. Изҳори умед менамоям, ки татбиқи амалии ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба мо имкон медиҳад, ки ҳамаи афзалиятҳои ҳамсоягии некро пурра амалӣ созем ва афзоиши ҳисшавандаи минбаъдаи савдои дуҷониба, густариши бемайлони ҷанбаи сармоягузории ҳамкориҳои иқтисодиро таъмин ва ҷиҳати гуманитарии ҳамкориямонро тақвият ва таҳкурсии дӯстии чандинасраи байни Тоҷикистону Хитой ва халқҳоямонро ҳар чӣ бештар мустаҳкам карда метавонем.
-Шумо аз ҷаласаи СҲШ, ки дар кишваратон мегузарад, чиро интизоред? Шумо саҳми СҲШ-ро дар дастгирии сулҳ ва суботи минтақа чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
-Ҳар як ҷаласаи СҲШ — рӯйдоди бузург дар ҳаёти байналмилалӣ мебошад. Ҷаласаи Душанбе истисно нест. Беҳуда нест, ки барои инъикоси он қариб 500 рӯзноманигор омадааст. Ҷаласаи 14-уми СҲШ дар рушди Созмон боби навро мекушояд. Пеш аз ҳама сухан дар бораи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бозкунандаи дурнамо барои қабули давлатҳои нави аъзои СҲШ мебошанд, меравад. Моҳиятан, мо на танҳо дар остонаи афзоиши миқдорӣ, балки рушди сифатии СҲШ низ қарор дорем.
Дар вазъияти нави зудтағйирёбандаи байналмилалии СҲШ бояд маҳорати зуд мутобиқ шудан, фавран эътино кардан ва вазифаҳои мураккаби таҳкими сулҳи минтақа ва субот нишон дода шаванд.
Ба фикри мо ҳар қадаре, ки ҳамкории мутақобилаамонро дар доираи СҲШ пурқувват намоем, ҳамон қадар бо эътимод метавонем соҳибихтиёрии миллӣ ва амният, роҳи мустақили интихобнамудаи рушдро ҳифз кунем.
www.president.tj