Сенздаҳуми сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Хитой расман оғоз бахшиданд. Мавриди зикри хос аст, ки дар рафти сохтмони ин иншоот ва татбиқи амалии ҳамаи санадҳои миёни ду кишвар баимзорасида ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид мешавад.
Сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя-Эмомалӣ Раҳмон ва Си Сзинпин нахуст ба Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе ташриф оварда, агрегати дуюми навбати аввали онро бо пахши тугма ба кор дароварданд. Бо фаъол гардидани агрегати дуюм иқтидори барқии ин марказ ба 100 мегаватт баробар шуд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони навбати дуюми ин Маркази барқу гармидиҳӣ оғоз бахшида шуд.
Дар сурати сохта ба кор дароварда шудани навбати дуюм, ки иқтидораш тибқи лоиҳа 300 мегаватт аст, иқтидори пурраи барқии ин иншоот ба 400 мегаватт баробар хоҳад шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин оғози татбиқи ин тадбири муҳимро барои кулли мардуми Тоҷикистон, бахусус сокинони шаҳри Душанбе, табрику таҳният гуфта, ин иншоотро яке аз парчамбардорони ҳамкории ду кишвар дар соҳаи энергетикаи барқӣ номиданд.
Сипас, сарварони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Си Сзинпин ҳамроҳ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими бошукӯҳи оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ- Хитой иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, дарозии ин хати газ дар ҳудуди Тоҷикистон 400 км буда, дар сохтмони он беш аз се миллиарду 200 миллион доллари амрикоӣ харҷ мешавад. Дар ҷараёни сохтмони ин иншооти азим, ки се сол идома меёбад, беш аз се ҳазор нафар бо кор таъмин мешаванд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Дар 47 мавзеи масири сохтмон ба дарозии умумии 76 км нақбҳо канда мешаванд, ки 24-тоаш аз зери об мегузарад.
Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки корҳои ҷустуҷӯйӣ-геологии Ширкати давлатии нафту гази Хитой (CNPC) ва шарикони дигари он дар Тоҷикистон натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд ва мо дар ояндаи наздик соҳиби газу нафти фаровони худӣ мешавем.
Бо ёдоварӣ аз 16 санаде, ки имрӯз миёни Тоҷикистону Хитой ба имзо расид, иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни татбиқи онҳо беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид мешавад.
www.president.tj