Дар илми сиёсатшиносӣ зери мафҳуми истиқлол роҳҳо, тарзҳои расидан ба истиқлолияти давлатӣ, аслан натиҷаи падидаҳои сиёсиеро, ки бо муборизаҳои милливу озодихоҳӣ марбутанд ва ба манзури аз миён бардоштани ҳукмфармоии аҷнабӣ сурат мегиранду ҳадафи ниҳоии онҳо иборат аз эҷоди давлати мустақил мебошанд, фаҳмида мешавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар низоми андешаҳои сиёсиашон масъалаи касби истиқлолияти давлатии миллати тоҷик ва таъмини таҳкими он мавқеи хоса дорад, моҳият ва асоси ин андешаро дар алоқамандӣ бо талошҳои халқи тоҷик чунин арзёбӣ кардааст: «Пӯшида нест, ки ҷараёни ташаккулёбии халқи тоҷик ҳам аз нишебу фарозҳо, гирудорҳо ва ҷоннисориҳо дар канор набудааст. Пеш аз он ки номи миллат ва забони он таҳаввулоти таърихиро аз сар гузаронида, ташаккул ёбад, тоҷикон дар тӯли асрҳо барои истиқлолият ва ҳувияти худ бо аҷнабиён муборизаҳои дурударози мазҳабию фарҳангӣ бурдаанд».
Аз соли 1986 ва асосан, пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки онро «давраи гузариш» ё «бозсозӣ» ҳам мегӯянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талошу муборизаҳои пай дар пайи бо ҳам зид ба миён омаданд.
Яке аз он талошҳо мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ мебошад. Аз моҳи январи соли 1989, дар саҳифаҳои баъзе аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳое чоп гардиданд, ки онҳо ба ҳимояи забони тоҷикӣ ва анъанаҳои миллӣ нигаронида шуда буданд.
Аз оғози давлатдории навини тоҷик, яъне, аз соли 1991, маҳз ба шарофати истиқлолият ва худшиносии миллӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кард ва дар Конститутсияи Тоҷикистон (моддаи 2) ба сифати забони давлатӣ эътироф гардид. 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Совети Олии РСС Тоҷикистон Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул гардид ва ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Баъд аз ин, то соли 2009, дар ҷумҳурӣ 22 июлро ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн мегирифтанд. Сипас, 5 октябри соли 2009 аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул ва он рӯз Рӯзи забони давлатӣ эълон шуд, ки то ҳол таҷлил мегардад. Қабули Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ (форсӣ)» 22 июли соли 1989 ба эҳёи фарҳанги нави давлатдорӣ мусоидат кард. Давоми солҳои истиқлолият тавассути иқдомҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо чорабинии милливу фарҳангӣ ва адабиву таърихӣ гузаронида шуданд, ки мақсад аз онҳо таҳкими истиқлолияти миллӣ тавассути талқин намудани ормонҳо ва арзишҳои башардӯстонаи осори бузургони адабиёту фарҳанги тоҷик буд.
Ба ҳамин тартиб, нақш ва мавқеи забони давлатиро ба сифати муҳимтарин омили таъминкунандаи худшиносии миллӣ, ватанпарастию ватандорӣ ва ниҳоят, кафили пойдории истиқлолияти давлатӣ, муайян намуда, андешаҳояшонро рӯи усули башардӯстӣ устувор гардонида, Президенти кишвар чунин мегӯянд: «Мо соҳиби давлати миллӣ ҳастем ва бо роҳи бунёд кардани низоми демокративу дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш меравем. Бинобар ин, таваҷҷуҳи хоса доштан ба забони давлатӣ ҳаргиз маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи забонҳои дигарро надорад. Забони давлатӣ барои мо забони коргузорӣ, воситаи ҳамдигарфаҳмию муттаҳидӣ, забони ваҳдатофарин мебошад. Донистан, омӯхтан ва ба он эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст».
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таносуби равобити таркибӣ ва судмандро миёни миллат ва давлат мавриди баррасӣ қарор дода, аз нигоҳи муқоисаи таърихӣ аҳамияти ин ду омилро барои таъмини мавҷудияти онҳо муайян кардааст ва дар ин замина ёдрас шудааст: «Агар ба шикасти давлати бузурги Сомониён парокандагии миллат сабаб шуда бошад, ба парокандагии баъдинаи миллат набудани давлат сабаб шудааст».
Сабаби таърихии дигаре, ки боиси бесарусомонии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта гардидааст, ба андешаи Сарвари давлат, дар сатҳи ниҳоят пасти рушду такомул қарор доштани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ будааст, ки он натиҷаи дар тӯли зиёда аз даҳ аср соҳибдавлат набудани тоҷикон мебошад. Бо мушаххас сохтани тавони миллати тоҷик дар заминаи нигоҳдошти забон ва маънавиёт, бо вуҷуди таърихи тӯлонӣ пойбанд будани он аз султаи аҷнабиён, чун қарохониён, ғазнавиён, салҷуқиён, хоразмшоҳиён, муғулҳо, темуриён, шайбониён, ҷониён ва ниҳоят, манғитиён, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки ин пойбандии тӯлонӣ барои халқи тоҷик бетаъсир намонд. Ин ҳолат боис шуд, ки «дар шуур ва психологияи ҷамъиятии мардуми тоҷик, дар баробари муборизаю қаҳрамониҳои зидди истилогарон, зуҳуроти номатлуб, ба монанди тан додан ба тақдир, маҳдудияти маҳаллӣ, қавмгароӣ ва бисёр дигар унсурҳои манфӣ реша давонданд, ки то имрӯз дар ин ё он шакл монеаи асосии пешрафти миллат мегарданд».
Тамоми ин омилу зуҳурот дар шароити ба истилоҳ сотсиалистӣ, ки дар он «ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшиши худшиносии миллӣ саркӯб мешуд» барои боз ҳам вусъат ёфтан заминаҳои мусоид пайдо карданд.
Дар чунин шароит аз истиқлолияти давлатӣ суҳбат кардан ва гузашта аз ин, масъалагузорӣ оид ба ҷудо шудани ин ё он ҷумҳурии иттифоқӣ аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо имкон надошт, балки, тибқи идеологияи маъмули он давр, чунин андеша ё амал рафтори вазнини зиддиқонунӣ пиндошта мешуд. Таърихи начандон тӯлонии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин саҳифаҳоро нисбат ба сарнавишти баъзе аз ҷавонмардон — сиёсатмадорони тоҷик сабт намудааст, ки аз манфиати миллии тоҷикон ошкоро ҳифзу ҳимоят мекарданд, Он замон чунин амалҳо маънии кӯшиши истиқлолхоҳиро доштанд. Ба иллати чунин рафтори ҷавонмардона дар равандҳои мураккаб ва шадиди солҳои 30 ва 40-уми асри XX одамони зиёд, бахусус, қисми бештари зиёиёни он давра, қурбон ва даҳҳо ҳазор тоҷик муҳоҷиру беватан шуданд, ки ин аъмол боиси ворид шудани зарари ҷиддӣ ба асолати фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллӣ гардидаанд.
Чун Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва ба сифати воқеаи бузургтарин дар таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик тақозои қатъии таҳкими ҳамаҷонибаи давлати миллӣ ва таъмини истиқлолияти комили Ватанро ба миён гузошт, шарти заруртарини татбиқи амалии он иттиҳоди ҳатмии гурӯҳҳои сиёсии ҷомеа ва мардум буд. Мутаассифона, ин имконияти бузурги таърихӣ дар сатҳи матлуб амалӣ нашуд. Роҳбарони мақоми аввали давлат, ки дар вуҷудашон рӯҳияи фавқулода баланди марказпарастӣ ҳукмфармо буду инкишофи мустақилонаи кишварро на танҳо тасаввур намекарданд, ҳатто тасаввур кардан намехостанд ва хусусияти иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву таърихӣ, диниву мазҳабӣ, милливу равонӣ ва дигар арзишҳои ҷомеаро ба назар намегирифтанд, натавонистанд маҷрои ҷомеаро ба самти дигар равона созанд. Гузашта аз ин, гурӯҳҳое, ки худро ҳамчун неруҳои демократӣ ва мухолифи ҳукумати расмии вақт эълон карда буданд, натавонистанд мавқеи дурустро нисбат ба ҳолати суратгирифта муайян кунанд, барои ҳамин муддати муайян сиёсати бепояи худро аз даст доданд. Онҳо вақтро тезониданӣ шуда, барои ҳокимият ва таҷдиди ҷомеа даст ба қонуншиканӣ заданд. Ҳамин буд, ки дар он рӯзҳо, ба ифодаи Роҳбари давлат «… дар Тоҷикистон ҳуқуқпоймолкунии беҳадду ҳудуд ба амал омад, одитарин ҳуқуқи инсонӣ – ҳуқуқи зиндагӣ поймол гардид. Дар ҷамъияти мо, бахусус, дар пойтахтамон шаҳри Душанбе, муҳити фиребу дурӯғ ва туҳмату иғво ҳукмрон шуд. Мардум дар ҳолати тарс барои ҳаёти худ, фарзандони худ, хонадони худ, ояндаи хеш рӯз мегузарониданд».
Бинобар ин, ба андешаи Президенти мамлакат истиқлолиятро ба даст овардан ҳанӯз кофӣ нест. Онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, ҳамчун арзиши волотарини давлату давлатдорӣ пос доштан ва барои афзоиши иқтидору пойдории он пайваста талош варзидан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷик саҳифаи навро боз намуд. Дар бораи аҳамияти таърихии он бисёр навиштаанду менависанд, зеро ин қадами аввалин барои наҷоти миллат ва давлатдорӣ буд ва бо гузашти айём, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, баланд шудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти он дучанд меафзояд.
Иҷлосияи XVI дар замони зуҳуроти бесарусомониҳо барпо гардида, масъулиятро барои ба даст гирифтани идоракунии раванди сиёсии бениҳоят мушкилу пурхатар ва танзими авзои муташанниҷи иҷтимоию сиёсӣ бар дӯш гирифт. Албатта, дар марҳилае, ки қудратҳои гуногун зери таъсири қувваҳои дохилию хориҷӣ издиҳоми мардумро ба кӯчаҳо бароварда, ба муқобили якдигар равона карда буданд, на ҳар мақомот масъулияти таърихию тақдирсозро ба уҳда гирифта метавонист. Шӯрои Олии кишвар ҳамчун ниҳоди қонунгузори ҷомеа дар мушкилтарин вазъият ба ҳимояи Конститутсия ва ҳалли масоили тақдирсози халқ бархост.
Иҷлосия баъди баррасии ҳаматарафа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Қонуни асосӣ)»-ро қабул намуд, ки тибқи он ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд. Дар он давраи ҳассос ва пурталотум вазифаи масъулиятноки сарварии давлатро Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт, ки аз ҷасорату матонат ва хирадмандию дурандешии ӯ дарак медод.
Аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2007 дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 15-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, чунин зикр намуданд: «Ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он давраи барои тақдири Ватан ва халқи кишвар ниҳоят душвор чӣ масъулиятеро ба зимма гирифтам. Ва бо такя ба ақлу заковати халқамон, ки ворисони миллати хирадманди тоҷик мебошанд, савганд ёд кардам, ки то вақте дил дар синаам метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам, тамоми қуввату ғайрат ва донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона сохта, ба хотири шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона заҳмат мекашам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».
Алҳол ҳама медонанд, ки Сарвари давлат ба савганд содиқ монданд ва минбаъд, дар солҳои басо пуртаҳлукаи 90-уми асри XX, барои ноил шудан ба сулҳ ва оштии миллӣ чанд маротиба ҷон дар хатар гузоштанд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки ташаккулёбии низоми нави давлатдорӣ, ки аз ҳамин Иҷлосия сарчашма мегирад, бори дигар нақши таърихии шахсро дар марҳилаи тақдирсоз собит сохт. Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо исбот намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафманди ниҳоди сарварӣ қодир аст дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро метавон дар мисоли мактаби сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намуд. Аз тарафи дигар, агар жарфтар ба масъала назар андозем, мебинем, ки дар тӯли таърих шахсиятҳо нақши бузургро дар раванди бунёди давлатҳои миллӣ, империяҳои бузург ва умуман, ҳаводиси таърихӣ, бозидаанд. Ҷомеашиноси амрикоӣ Р. Эмерсон менависад, ки «Дар ҳаёт ба мо, пеш аз ҳама, шахсе намерасад, ки моро маҷбур созад, то он чиро ки метавонем, бикунем». Аз ин нуқтаи назар, зикр намудан зарур аст, ки нақши Сарвари давлат дар ҳалли даргириҳои дохилии кишвар ва рушду нумӯи давлати миллӣ бениҳоят калон аст. Албатта, дуруст аст, ки мафҳуми созиш ҳамеша ба ҳам омадани ду тарафро дар назар дорад. Тавре аз таҷрибаи таърихӣ бармеояд, шахсе, ки қудрат ва ҳокимиятро дар даст дорад, на ҳама вақт бо тақсими он бо рақиб розӣ мешавад. Барои ба ин амал даст задан шахсияте лозим аст, ки дорои қобилияти ояндабинии махсуси сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ, дарки амиқи воқеият, ташкили фазои боварии иҷтимоӣ, қатъият ва ба амал баровардани ирода бошад. Маҳз мавҷудияти ҳамин хусусиятҳо ба Сарвари давлат имконият доданд, ки андешаҳои дар Иҷлосияи XVI ибрознамудаашонро амалӣ намоянд.
Ба андешаи Сарвари давлат, дар сатҳи Конститутсия ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии давлат эътироф шудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, навоварии ҷиддӣ дар ҳаёти ҳуқуқии кишвар аст. Воқеан, эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон кардани афзалияти онҳо нисбат ба қонунҳои миллӣ (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) мафҳуми низоми ҳуқуқӣ ва таркиби онро комилан тағйир дода, масъалаҳои таносуби асноди ҳуқуқиро аз нигоҳи қувваи ҳуқуқӣ ва меъёрҳое, ки шомили онҳо мебошанд, аз диди нав ба миён мегузорад. Махсусан, эътирофи афзалияти ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба ҳуқуқи дохилии кишвар ишораи одии Конститутсия ба ҳуқуқи байналмилалӣ нест, балки давлати мустақили Тоҷикистон ба сифати қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз бо дарназардошти волоияти манфиатҳои миллӣ аз ин андешаи мутамаддину муосир пуштибонӣ мекунад.
Суханони Сарвари давлат бо талаботи Конститутсияи Тоҷикистон дар хусуси баробарҳуқуқии ҳама дар назди қонун, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳамнаво буда, баёнгари татбиқи амалии ҳомӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд, ки ин амр низ дар роҳи тақвияти Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши муассир дорад.
Ин сатрҳо дар рӯзҳое рӯи коғаз омаданд, ки бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ идома доштанд. Чорабиниҳои бошукӯҳ бори дигар аз мавқеи устувори Пешвои миллат дарак доданд, ки мақсадашон боз ҳам шукуфоии Тоҷикистони азиз ва беҳбудии рӯзгори мардум аст. Маҳз натиҷаи ҷоннисории ин марди хирад буд, ки кишвар алҳол ба як гӯшаи пешрафтаи мамлакат мубаддал гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 март дар Қасри Арбоб дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020», ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар саҳни Қасри Арбоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи духтарон бо либосҳои хуштарҳу зебо бо самимият истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ ба кори ҳунармандон, маҳсули дасти эъҷозофар ва маҳорати хосаашон баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёву рушди боз ҳам бештари анъанаҳо, тарғибу муаррифии ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи шогирдони сазовор дар ҳунармандӣ ҳидоят намуданд ва таъкид карданд, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, пеш аз ҳама, бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои мардумиву муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.
Чорабиниҳои ҷолибу рангине, ки дар вилояти Суғд бо рӯҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ баргузор гардиданд, бо арҷгузорӣ ба гузаштаю имрӯз ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон алоқамандӣ доранд.
Итминон дорем, ки бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди миллат бо кору пайкори созанда эътибори Тоҷикистони азизро дар миқёси ҷаҳон боз ҳам боло хоҳад бурд.
Шарифхӯҷа ҲАСАНОВ,
декани факултети идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳии Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент