Нахустин сафари Сарвазири Япония ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

№143 (3444) 27.10.2015

12182392_915690875167766_2313425177166730677_oНахустин ташрифи Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон, ки рӯзи 24 октябри соли 2015 бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таври хоса омода гардида, ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Сарвазири Япония Синдзо Абэро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар шурӯъ шуда, бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ аз назди ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Япония ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон идома ёфт.

Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом, Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, Синдзо Абэро бори дигар ба муносибати аз нав ба мақоми Сарвазири Япония интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта, чунин изҳор дошт: «Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо Япония барои Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба Истиқлолияти давлатӣ расиданаш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ буд ва ҳаст».

«Кишвари шуморо мо шарики муҳими худ медонем ва ин шарокати муътамаду озмуда шудааст».

Изҳори бовар карда шуд, ки боздиди нахустини Сарвазири Япония аз Тоҷикистон ба фаъол гардидани робитаҳои ду кишвар ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мусоидат мекунад.

Синдзо Абэ дар навбати худ бо ишора ба мавқеи муҳими Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳади тӯлониаш бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳавасмандии Японияро ба густариши робитаҳо бо кишвари мо таъкид дошт.

 www.president.tj