Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо забони фаронсавӣ ба нашр расид.
Бо забони фаронсавӣ тарҷума ва нашр гардидани ин китоб имкони шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро барои мардуми Фаронса ва фаронсавизабонони дигар кишварҳои Аврупо ва ҷаҳон бештар менамояд.
Китоби мазкур аз ҷониби намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо ширкати иттилоотию консалтингии бонуфузи аврупоӣ «Big Media Group» (шаҳри Брюссел) бори аввал ба забони фаронсавӣ нашр карда шуда, аз ҳар ду ҷилди китоби аслӣ ва аксҳои таърихи бостонии тоҷикон иборат аст.
Хотиррасон бояд намуд, ки то ҳол ин китоб бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ ва бо алифбои форсӣ дастраси хонандагон гардидааст.
www.president.tj