Дар остонаи Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз нашриёти «Адиб» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Наврӯз -шиносномаи миллат» бо забони тоҷикӣ мунташир намуд.
Китоб бо теъдоди ду ҳазор нусха рӯи чоп омада, дар он паёмҳои наврӯзӣ ва суханрониҳои Президенти кишвар, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ баён гардидаанд, гирд оварда шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки суханрониҳои Президенти ҷумҳурӣ дар ҷашнҳои наврӯзӣ моломоли меҳру муҳаббат ба ин ҷашни ҷаҳонӣ -Наврӯз ва саршор аз тарғиби омолу рафтори ҳамидаанд.
Мураттибони китоб Фарҳоди Карим ва Абдурауф Муродӣ саъй намудаанд, ки дар китоби мазкур қисмате аз суханрониҳои Сарвари давлатро, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ ироа гардидаанд, таҳти дебочаҳои «Ҷашни пирӯзии нур бар зулмот», «Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ», «Суннатҳои неки наврӯзӣ безаволанд», «Рамзи офариниш ва эҳёи табиат», «Ҷашни озодагӣ ва озодагон», «Наврӯз -пайки шодмонӣ ва шодкомӣ», «Наврӯз ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллист», «Наврӯз таърихи зиндаву бедор ва бақои миллати тоҷик аст» гирд оранд.
То ҷое мусаллам аст, Наврӯз аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор буда, пайдоиши онро ба аҳди қадимтарин шоҳ-Каюмарс ва таҷлили Наврӯзро ба давраи салтанати шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Наврӯз аз қадимтарин ва муқаддастарин оини ниёгони мо маҳсуб ёфта, он аз фарорасии фасли зебои сол -баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ паём мерасонад. Асолати иҷтимоию фарҳангии Наврӯз хеле бузург буда, он далели рушду пешрафти тафаккури созандаву бунёдкорӣ, муттаҳидию ҳамгироии мардумон аст. Маҳз бо дарназардошти асолати бузурги иҷтимоию фарҳангӣ ва қадимию таърихӣ доштани Наврӯз бо Қарори Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид панҷ сол муқаддам Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд. Ҳамасола 21 март ё худ рӯзи аввали фарвардинмоҳ дар ҷаҳон, хусусан дар он кишварҳое, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, ин ҷашни фархунда бо шукӯҳи хоса, дар сатҳи баланд бо тамоми анъанаю суннатҳо ҷашн гирифта мешавад ва он мардумони сайёраро ба сарҷамъию ҳамзистӣ ҳидоят менамояд.
АМИТ «Ховар»