Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
29 июли соли 2015, ноҳияи Рӯшон
Ҳамватанони азиз!
Мояи сарфарозиву ифтихор аст, ки солҳои охир ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ халқи ободкори мо бо азму иродаи қавӣ ба хотири ободии Ватани маҳбубамон ва таҳкими имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлоламон ба бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти мухталифи иҷтимоӣ камари ҳиммат баста, то имрӯз ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд.
Сокинони заҳматкашу қавииродаи ноҳияи Рӯшон низ чун ҳарвақта дар сафи пешсафони арсаи созандагии ватани аҷдодӣ қарор доранд.
Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар доираи сафари имрӯзаи корӣ ба дидорбинии сокинони ҳимматбаланди ноҳия омада, бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, рӯзгори мардум, ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои додашуда ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, инчунин амалҳои созанда ва нақшаҳои ояндаи сокинони ноҳия аз наздик шинос шавем.
Ҳар яки шумо хуб медонед, ки мустаҳкам гардонидани иқтидори иқтисодии мамлакат бо роҳи дастгирии соҳибкорӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои иловагии корӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ва дар тамоми қаламрави Ватани азизамон вусъат додани раванди бунёдкориву созандагӣ, инчунин ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ самти муҳимтарини сиёсати давлат мебошад.
Таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рӯшон нишон медиҳад, ки дар натиҷаи дастгириҳои Давлату Ҳукумат ва заҳмати содиқонаи сокинони ноҳия нишондиҳандаҳои истеҳсолии он мунтазам беҳтар шуда, ҳамзамон бо ин, сатҳи некуаҳволии сокинон торафт баланд шуда истодааст.
Дар солҳои 2012 -2014 ва шаш моҳи соли равон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ бо мақсади тараққиёти ноҳияи Рӯшон, махсусан сохтмону азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, биноҳои маъмуриву таъмири роҳҳо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, рушди кишоварзӣ, инчунин дастгирии буҷети ноҳия зиёда аз 100 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар ин давра дар ноҳия татбиқи панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 40 миллион сомонӣ ба анҷом расида, амалисозии як лоиҳаи дигар идома дорад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна дар се соли охир ба соҳибкорони ноҳия 84 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки 15 миллион сомонии он ба шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ рост меояд.
Ҳоло дар ноҳия корхонаҳои хурди коркарди шир, меваи хушк, масолеҳи сохтмон, даҳҳо коргоҳи дуредгариву ҷӯроббофӣ ва дӯзандагиву челонгарӣ фаъолият намуда, барои таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар давоми соли гузашта ва шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар маркази ноҳия ва як қатор деҳаҳои он чандин коргоҳҳои дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ ва ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ нақши муҳим доранд.
Тибқи нақша, то охири соли ҷорӣ дар ноҳия боз чор корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди муина ва меваю сабзавот сохта, ба истифода дода мешавад.
Тайи се соли охир барои нигоҳдории роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидоштаи ҳудуди ноҳия қариб ду миллион сомонӣ маблағ сарф гардида, роҳи водии Бартанг ба самти ҷамоатҳои Бартангу Басид дар масофаи 2,2 километр таҷдид карда шуд.
Соли ҷорӣ бо мақсади таъмири қисмати боқимондаи роҳи водии Бартанг иловатан қариб як миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва имрӯзҳо корҳои таъмиру сохтмон идома доранд.
Соли гузашта роҳи мошингарди Хиҷез — Равмед ба масофаи 23 километр бо харҷи қариб 1,5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки боиси хеле сабук шудани мушкилоти рафтуомади сокинон гардид.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати рушди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон Қарори махсуси Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расидааст.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани чорабиниҳои пешбиникардаи қарори мазкур дараи хушманзараи Бартанг ва ҷамоатҳои он ободу зебо гардида, роҳ ба кӯли Сарез боз мешавад ва водии Бартанг ба макони дӯстдоштаи меҳмонону сайёҳон табдил меёбад, ки ин ҳам манбаи даромад ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ мебошад.
Мо имрӯз ба сохтмони бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон санги асос гузоштем ва бовар дорем, ки баробари ба истифода супоридани он ҳусни маркази ноҳия боз ҳам зебо гардида, барои кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам оварда мешавад.
Илова бар ин, мехоҳам ёдовар шавам, ки вақтҳои наздик дар ҳудуди ноҳия бунёди боз як иншооти ниҳоят муҳим — Неругоҳи барқи обии «Санобод» шурӯъ хоҳад шуд.
Неругоҳи барқи обии «Санобод» барои рушди минтақа дар маҷмӯъ такони ҷиддӣ бахшида, ба афзоиши истеҳсоли неруи барқ, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, рушди инфрасохтор ва муҳайё гардидани ҷойҳои зиёди корӣ мусоидат мекунад ва вилоятро ҳамчун тавлидкунандаи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза муаррифӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки дар баробари дастоварду пешравиҳо дар ноҳия як қатор мушкилоту масъалаҳои ҳалношуда низ мавҷуданд, ки бояд ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл карда шаванд.
Чунончӣ, то ҳол бо баъзе сабабҳо масъалаи ба кор андохтани Корхонаи муштараки кони «Икар»-и ноҳия роҳи ҳалли худро наёфта, кашидани хатти барқ ба рустои Деҳи деҳоти ба номи Муъминшо Абдулвосиев ба анҷом нарасидааст.
Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, вазорату идораҳои дахлдор бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати иҷрои ҳатмии супориши мазкур чораҳои бетаъхир андешида, аз ҷараёни иҷрои он то охири соли равон ба Ҳукумати кишвар гузориш диҳанд.
Ҳамзамон бо ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об супориш дода мешавад, ки санадҳои асосноккунии техникиву иқтисодии Неругоҳи барқи обии «Санобод»-ро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин таҳия намуда, ҷиҳати оғози сохтмони он ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.
Дӯстони азиз!
Ноҳияи Рӯшон яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзии вилоят мебошад.
Мо хуб огоҳем, ки кишоварзони ноҳия дар шароити кӯҳистон бо заҳмати софдилона ҳосили хуб рӯёнида, на танҳо бозори истеъмолии ноҳия, балки бозорҳои шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоятро бо сабзавоти тару тоза таъмин мекунанд.
Ин омил, яъне талаботи торафт афзояндаи аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаи худӣ кишоварзони маҳаллиро водор месозад, ки майдони боғотро васеъ ва ҳосилнокии зироатҳоро афзоиш диҳанд.
Итминон дорем, ки кишоварзони ноҳия дар оянда низ ба хотири самаранок истифода бурдани замин саъю талош мекунанд ва ҳар ваҷаб замини корамро самаранок истифода намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро боз ҳам афзун мегардонанд.
Соли 2014 дар ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 64 миллион сомонӣ ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба се миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 8 фоиз зиёд мебошад.
Иқлими Рӯшон нисбат ба дигар ноҳияҳои вилоят муътадил ва барои боғпарварӣ хеле мусоид мебошад. Пешрафти ин соҳа, дар навбати худ, боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мегардад.
Дар баробари ин, ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла хушк кардани мева яке аз роҳҳои аз талафот эмин нигоҳ доштани маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ба шумор меравад.
Бинобар ин, зарур аст, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, зироату сабзавоткорӣ ва боғдорӣ ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, афзоиш додани саршумори чорвои хушзот, навъҳои серҳосили зироат ва истифодаи усулҳои нави боғдорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тақвияти бештар дода шавад.
Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзии ноҳия Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишти зироат, бунёди боғҳои нав, истифодаи навъҳои ба минтақа мутобиқи зироату дарахтони мевадиҳанда ва васеъ ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои судманд андешанд.
Ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарону мутахассисон ва хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус истеҳсоли картошка, меваю асал ва маҳсулоти чорво тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар давоми солҳои 2009 — 2010 дар деҳаҳои Деҳрӯшон, Барӯшон ва Дерзуди ноҳия 80 гектар заминҳои нав аз худ гардида, дар 27 гектари он боғҳои нав бунёд карда шудаанд.
Соли гузашта азхудкунии 32 гектар замини нав дар мавзеи Баҷувдараи деҳоти «Бартанг» оғоз гардидааст.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бо сабаби фаъолият накардани насосҳои обпарто сатҳи обҳои зеризаминӣ дар баъзе мавзеъҳо баланд шуда, ба ҳосилнокии заминҳо таъсири манфӣ расонида истодааст.
Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои Дашти Вомар, Барзуд ва Таговҷангал, инчунин ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои ботлоқшуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки медонед, фарҳанг таҷассумгари оину суннат ва анъанаҳои неку писандидаи ҳар як халқу миллат мебошад. Ҷаҳониён халқу миллатро маҳз бо фарҳанги миллӣ ва сатҳи пешрафти он мешиносанду арҷ мегузоранд.
Дар иртибот ба ин, бояд зикр намоям, ки мардуми ноҳияи Рӯшон ба санъату фарҳанги миллии мо ҳунармандони зиёдеро додаанд, ки хизмати онҳо дар рушди санъати миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа басо назаррас мебошад.
Имрӯз мову шумо шоҳиди ба истифода додани боз як иншооти зебову муосири фарҳангӣ, яъне Қасри фарҳанги ноҳия гардидем. Ба ин муносибат, ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва кулли сокинони ноҳияро самимона табрик гуфта, ба кулли масъулону сохтмончиён, ки дар бунёди чунин як кохи зебои фарҳангӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Умедворам, ки ин маркази зебои фарҳангӣ солҳои сол ба мардуми ноҳия дар мавриди баргузор намудани чорабиниҳои идона ва ҷашну маросимҳои мардумӣ хизмат карда, ба як мактаби эҳёи санъат ва ҳунарҳои қадимаи сокинони Рӯшон табдил хоҳад ёфт.
Ҳукумати кишвар тайи даҳсолаи охир ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникии соҳаи маорифи ноҳияи Рӯшон ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия як силсила иқдомотро ба анҷом расонидааст.
Чунонки аз таҳлилҳо бармеояд, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия мунтазам беҳтар гардида, масъулони соҳа ва омӯзгорону устодон кӯшиш мекунанд, ки шогирдони худро тибқи талабот ва меъёрҳои муосир омода намоянд.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, солимии сокинон ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим, риояи ҳатмии муқаррароти қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва фарҳангӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Бо истифода аз шароити бисёр мусоид ва мавзеъҳои ниҳоят зебои ноҳия ва вилоят имкони ташкили истироҳатгоҳҳои кӯтоҳмуддат зиёд мебошад. Аз ин лиҳоз, масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг метавонанд якҷо бо падару модарон бо истифода аз имкониятҳои зикршуда барои кӯдакону наврасон шароити хуби истироҳату фароғатро муҳайё намоянд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки ба фаъолияти бонизоми ҳамаи муассисаву иншооти иҷтимоӣ диққати махсус дода, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, махсусан барои омода кардани иншооти иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода тадбирҳои доимӣ андешида шаванд.
Таъкид месозам, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва рушди кишвар бидуни ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, эҳсоси баланди ватандорӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, бидуни заҳмати софдилонаи тамоми шаҳрвандони мамлакат ғайриимкон аст.
Солҳои охир бо вуҷуди шиддат гирифтани буҳронҳои молиявию иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди миллии кишварамон мо тавонистем рушди иқтисодии мамлакатро дар сатҳи муътадил нигоҳ дорем.
Дар ин кори заҳматталаб саҳми мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Рӯшон низ назаррас аст.
Итминон дорам, ки сокинони ҳимматбаланд ва баору номуси ноҳияи Рӯшон дар оянда низ пайваста барои ободу зебо гардидани ин диёри хушманзар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум азму талош карда, бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо рушди устувори ноҳияро таъмин менамоянд.
Бовар дорам, ки ҳар яки шумо минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ ва меҳру садоқат ба Ватани азизамон кору зиндагӣ карда, дар ободу пешрафта гардидани он саҳми арзанда мегузоред.
Дар интиҳо ба тамоми сокинони заҳматқарину меҳмоннавози Рӯшон барои заҳмати содиқонаву аҳлона ва пешвози самимӣ арзи сипос намуда, ба кулли мардуми ин гӯшаи зебои Тоҷикистони азиз хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва дар роҳи амалӣ гардидани ниятҳои неку созандаамон барори кор орзумандам.
Доимо сарбаланду комёб бошед, ҳамдиёрони азиз!