Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи охири қарни гузашта дар дастёбӣ ба сулҳу Ваҳдати миллӣ дар кишвараш басо муҳим аст. Албатта, «Меъмори сулҳ» дар Тоҷикистон ҳар вақт ин хизматҳоро ба ҳамватанони шарафманду худогоҳ, мардуми дорои таъриху фарҳанги қадиму бой ва расму оини сулҳбунёд марбут медонад.
Бо вуҷуди ин, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар анҷомёбии ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 1992-1997, дастрасӣ ва пешбурди сулҳ, субот ва Ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи тоҷик, барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, таъмини бозгашти гурезагон аз хориҷа ба Ватан, қабули Конститутсияи (Сарқонуни) нав ва татбиқи ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ саҳми тақдирсоз ва таърихӣ гузоштааст. Бинобар корнамоиҳои ҷасуронаву қаҳрамонона дар он давраи душвор, Пешвои халқи тоҷик, бешубҳа, сазовори аҳсан буда, шоистаи кафкӯбиҳои баланду бардавоми тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳалли чолишҳои давраи пас аз муноқиша нақши намоён бозидааст: аввалан дар фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки натиҷаи он Созишномаи умумии деринтизори истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Қабл аз давраи ба сари ҳокимият омадани Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон воқеаҳои фоҷиабори мубориза барои қудрат дар кишвари ҷавон ва ҳоло ҳам заиф рух доданд. Маҳз азнавсозӣ («перестройка») дар Иттифоқи Шӯравӣ ва оқибатҳои он ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар давлати навистиқлоли Тоҷикистон оварда расониданд.
Низои ҳарбӣ ба иқтисоди кишвар зарари ҷиддӣ расонид. Даҳҳо ҳазор нафар дар он солҳои даҳшатбор қурбонӣ шуданд ва ин талафоти гарон аст. Кишвари мо, дар маҷмӯъ беш аз даҳ миллиард доллари ИМА зарар дида буд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намояндаи ҷониби Ҳукумат дар раванди гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон, ки дар якҷоягӣ бо мухолифин сурат гирифтанд, фаъолона иштирок намуда, таъсири қатъиву мусбат гузошт.
Дар маҷмӯъ, ин гуфтушунидҳо дар ҳашт давр дар шаҳрҳои Кобул, Алмаато, Теҳрон, Хосдеҳ, Москва, Машҳад ва Бишкек баргузор гардиданд. Гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва бо иштироки кишварҳои кафил – Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Туркманистон барпо шуданд. Ин кишварҳо дар раванди дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштанд.
Раванди пурпечутоби гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. То кунун, ин рӯз ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Тайи солҳои душвори ҳукмронӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мавқеи принсипиалӣ, инсондӯстӣ ва фаъолияти сулҳофаринӣ сазовори нуфузу обрӯи бузург ҳам дар кишвари худ ва ҳам дар хориҷа гаштааст.
Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон аҳамияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ низ дорад, чунки он дар ҳалли низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ба монанди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сурия ва ғайра метавонад истифода карда шавад.
Дар ин росто, Президент Эмомалӣ Раҳмон, ба шарофати саҳми арзанда дар пешбурду ҳифзи сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — кишвари имрӯзҳо зуд рушдёбанда, бояд ҳаматарафа ҳавасманд ва қадрдонӣ гардад.
Рустам Солиев, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия, Нидерландия, Люксембург, Намоянда дар Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва ЮНЕСКО
Мақолаи мазкур дар сомонаи www.neurope.eu нашр шудааст.
www.president.tj