Ниҳолшинонӣ дар майдони «Истиқлол» ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ

№140 (4402) 16.11.2021

51678387761_3a979fbb36_o14 ноябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ ниҳоли дарахти нодири секвоя шинониданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани дарахт ба маъракаи навбатии ниҳолшинонӣ ва беҳдошти муҳити зист дар кишвар оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки то ҳол бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боғ дар майдони «Истиқлол» дарахти зиёди ороишӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар маҷмӯъ, дар гӯшаҳои алоҳидаи боғи майдони «Истиқлол» 5510 адад дарахти зебову нодири ороишӣ шинонида шудааст.

Тарҳи лоиҳаи бунёди ин мавзеи дилкаш бо санъати нотакрор ва бо риояи меъёрҳои бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ ва табиатдӯстӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст.

Оянда низ дар боғи Майдони «Истиқлол» дарахтони нодири сояафкану ороишии ба минтақа мутобиқ шинонида мешавад.

Баъди ба истифода додани Майдони «Истиқлол» ин мавзеъ минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мегардад, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, гузошта шудааст.

Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад.

Баъди ниҳолшинонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қоҳир Расулзода ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуданд.

Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Майдони «Истиқлол» бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат медиҳад.

Майдони «Истиқлол» бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ», ки аз иншооти асосии боғ маҳсуб меёбад, соли 2022 ба истифода дода мешавад.

Рафти бунёди майдон таҳти назорати доимии Президенти мамлакат қарор дорад, аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, сифати масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб карданд.

www.president.tj