Нигаронии Пешвои миллат аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ

№3 (3640) 12.01.2017

32185319596_9b6aaaf515_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2017 дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муносибати 10-солагии таъсисёбии ин мақом баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ба муносибати солгарди 10 — уми таъсисёбӣ самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъда ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Тавре таъкид гардид, коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маб­лағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Бо таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар моҳи январи соли 2007 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ тадбирҳои тақвиятбахшӣ ва самараовари фаъолияти агентӣ дар самти таъмини шаффофияти раванди идоракунии маблағу воситаҳои давлатӣ ва ошкору пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолату амалҳои номатлуби коррупсионӣ идома дода мешавад.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки таъсис ёфтани Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, қабули ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия, мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ва шомилшавӣ ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз тадбирҳои дигари муҳиму саривақтие мебошанд, ки шароит фароҳам оварданд то афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвар ба таври мусбат тағйир ёбад ва соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаи байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло барояд.

Бо изҳори таассуф таъкид гардид, ки новобаста аз талошҳо ва тадбирҳои рӯзафзуни роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камбудию мушкилоти зиёд дар соҳа ҷой доранд, ки ислоҳи онҳо муборизаи дастаҷамъонаро бо коррупсия аз ҷониби агентӣ, Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, дигар мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа тақозо менамояд.

Аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, мақомоти судӣ, прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, комиссиариатҳои ҳарбӣ ва бонкдорӣ изҳори нигаронӣ карда, Президенти мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо дар ин самт вазифадор намуданд.

Вобаста ба нақшаю барномаҳои фаъолияти самарабахши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар оянда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти агентиро вазифадор намуданд, ки дар интихоби кормандони соҳа ба шахсоне, ки дасту дили пок дошта, манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло медонанд, бартарӣ дода шавад.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба нақшаю барномаҳои минбаъдаи корӣ дар самти пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ сухан ронда, ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои ғамхорию дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд.

www.president.tj