Номаҳои ҳамдардӣ

№59 (4479) 17.05.2022

13 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён номаи ҳамдардӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Волоҳазрат!

Хабари даргузашти бародари гиромиатон, Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён боиси андуҳи бузурги мо гардид.

Марҳум ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд ва барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Амороти Муттаҳидаи Араб саҳми бузург гузоштааст.

Дар замони раҳбарии шодравон ба шарофати талошҳои пайвастаи ӯ муносибатҳои созандаи дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб рушду тавсеаи тоза ёфта, ба сатҳи сифатан баландтар бардошта шуданд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо эшон бо некӣ дар ёд дорам. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимиашро аз даст дод.

Дар ин рӯзи мусибати бузург аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро нисбати ин талафот ба тамоми мардуми бародари Амороти Муттаҳидаи Араб баён намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол масъалат дорам, ки шодравонро ғариқаи раҳмату шоистаи ҷаннат бигардонад ва ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил ато фармояд.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

13 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ноиби Президент, Сарвазири Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум низ номаи ҳамдардӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Волоҳазрат!

Хабари даргузашти Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб ва Амири Абу-Забӣ аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён, Худованд биёмурзадашон, боиси андуҳи бепоёни мо гардид.

Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ба сифати ходими намоёни давлатӣ дар рушду нумӯи Амороти Муттаҳидаи Араб нақши намоён гузошта, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори шоиста касб намуда буд.

Мо ба талошҳои пайвастаи марҳум дар раванди таҳкиму тавсеаи муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб арҷ ва ба шахсияти ӯ эҳтироми беандоза мегузорем.

Бинобар ин, мусибати бузург ба Шумо ва ба тамоми мардуми бародари Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамдардиву таъзияи амиқ ва тасаллиёти худро сидқан иброз намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол барои марҳум раҳмату мағфират ва ба ҳамаи пайвандону наздиконатон сабру шикебоӣ хоҳонам.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».

www.president.tj