4 январи соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба муносибати 30 — юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар мубодилаи номаҳои табрикӣ сурат гирифт.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис!
Имрӯзҳо мо сиюмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро ҷашн мегирем. Дар иртибот ба ин санаи муҳим дар таърихи муосири муносибатҳои байни кишварҳоямон бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикот ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ирсол медорам.
Мояи фараҳмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн масири рушди бемайлон касб карда, ба сатҳи баланди шарикии стратегии ҳамаҷониба расидаанд.
Мо аз ҳолати имрӯзаи муносибатҳои мутаносибан судманд миёни кишварҳоямон, ки бар пояи усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар, ҳамдастӣ ва робитаҳои байнидавлатии сифатан нав асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, нисбат ба дурнамои дарозмуддати онҳо дидгоҳи нек дорем.
Итминони комил дорам, ки ҳамкории ҳар ду кишвари дӯст ва ҳамсояи наздик бо такя ба таҷрибаи созандаи то имрӯз андӯхта минбаъд низ густариш ёфта, ба манфиатҳои аслии мардумони мо хизмат хоҳанд кард.
Бо таъкиди манфиатдории доимии ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди самарабахши ин раванд омодагии хешро ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин бо мазмуну муҳтавои нав изҳор менамоям.
Шуморо, дӯсти гиромӣ, ба муносибати 30 — солагии истиқрори робитаҳои дипломатии байни давлатҳоямон сидқан табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, хушрӯзӣ ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Чин сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
Дар барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати 30 — солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шахсан аз ҷониби худ ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарин мефиристам.
Тайи 30 соли гузашта муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон ба рушди босуръат ва сатҳи баландтарини худ дар тӯли таърих ноил гардидаанд. Бахусус, солҳои охир мо пешопеши ҷомеаи байналмилалӣ ва аз шумораи аввалинҳо барои бунёди ҷомеаи рушд ва ҷомеаи амният, ки ҷиҳати ташкили ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният намуна будаанд, қадам гузоштем.
Мунтазам эътимоди стратегӣ густариш ёфта, аз ҳамдигар оид ба масъалаҳои мавриди манфиати тарафҳо қотеъона дастгирӣ сурат мегирад, ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун босуръат рушд меёбад, натиҷаҳои пурсамар оид ба бунёди баландсифати муштарак дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» дастрас мегарданд.
Баъд аз паҳншавии бемории ҳамагири COVID — 19 мардуми ҳар ду кишвар якдилона ба ҳамдигар кумак намуда, ҳама мушкилӣ ва андуҳро паси сар менамоянд ва бародарии воқеиро ба намоиш мегузоранд.
Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям ва ният дорам, ки дар ҳамкорӣ бо Шумо, бо истифода аз имконияти ҷашни 30 — солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистонро дарёфт намоем, ҷомеаи бештар наздики тақдири ягонаи Чину Тоҷикистонро ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар бунёд намоем.
Ба Шумо комёбиҳои корӣ ва сиҳатмандии комил таманно дорам.
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст рушду шукуфоӣ ва ба мардуми он некуаҳволӣ ва саодат орзумандам».
www.president.tj