Номаҳои шодбошӣ

№16 (4436) 05.02.2022

1 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Матарелла номаи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Италия табрику муборакбод мегӯям.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар пешбурди ваколатҳои пурмасъулиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Италия сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам.

Мо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикис­тону Италия изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди густаришу тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Зимнан омодаем, ки ҷиҳати пешбурди минбаъдаи ин раванд дар сатҳҳои гуногун, бахусус олӣ ва баланд, кӯшишҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳем.

 Итминон дорам, ки робитаҳои шарикии созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳар ду ҷониб дар оянда низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт».

***

2 феврали соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида ба муносибати 30 — юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии кишварҳо мубодилаи номаҳои шодбошӣ сурат гирифт.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли хушнудӣ Шумо ва мардуми дӯсти Ҷопонро ба муносибати санаи муҳим дар таърихи муосири робитаҳои байнидавлатии кишварҳоямон – 30 — юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ самимона табрик мегӯям.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ҳар ду кишвар бемайлон густариш ёфта, имрӯзҳо бар асоси усулҳои пазируфташудаи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимоди якдигар дар марҳилаи таҳкиму тавсеа қарор доранд.

 Дар ин зимн, мо саҳми назарраси Ҷопонро дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар арсаҳои гуманитарӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ баланд қадр мекунем.

Ба ин манзур мехоҳам фаъолияти самарабахши Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва натиҷаҳои арзишманди шарикии афзоишёбандаи кишварҳоямонро дар чорчӯбаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» бахусус таъкид намоям.

Мо алоқаманди пешбурди минбаъдаи муносибатҳои неки Тоҷикистон ва Ҷопон дар ҳама самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ҳастем ва ба ояндаи онҳо дидгоҳи мусбат дорем. Омодаем, ки баҳри ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуну муҳтавои нав дар оянда низ якҷоя тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.

Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Ҷопон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

Дар номаи шодбошии Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Табрикоти самимии маро ба муносибати 30 — солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул фармоед.

Аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон байни кишварҳоямон муносибатҳои нек барқарор гардиданд. Мехоҳам изҳори умед намоям, ки ҷашнвораи соли ҷории 30 — юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Боиси хушнудист, ки Ҷопон бо Тоҷикистон тавассути муколамаи доимӣ дар сатҳи баланд, аз қабили сафари Сарвазири Ҷопон Синзо Абэ ба Тоҷикистон дар соли 2015 ва сафарҳои чаҳоркаратаи Ҷаноби Олӣ ба Ҷопон, дар самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, омодасозии кадрҳо ва суботи минтақа, аз ҷумла дар арсаи назорати сарҳадӣ, пайваста ҳамкорӣ мекунад.

Дар назар аст, ки имсол дар чаҳорчӯбаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад. Мехоҳам изҳори умед намоям, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи механизми мазкур идома хоҳад ёфт.

Иҷозат диҳед ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва дар коратон муваффақият, ба мардуми Тоҷикистон беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзу намоям».

www.president.tj