5 марти соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш ба муносибати 30 — солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи номаҳои шодбошӣ ба амал омад.
Дар номаи шодбошии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Бо камоли хушнудӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми онро ба муносибати 30 — солагии узвият дар Созмони Милали Муттаҳид табрик мегӯям.
2 марти соли 1992 барои СММ санаи махсус ба ҳисоб меравад, чунки маҳз он рӯз тақрибан 5 дарсади кишварҳои ҷаҳон ба СММ узвият пайдо карданд
Дар се даҳсолаи охир мо дар роҳи таъмини сулҳу субот ва пешрафти иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон шарикии боз ҳам зичтар барқарор кардем. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ҷонибдори низоми бисёрҷониба, дар пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳмгузор аст.
Итминон дорам, ки дар даврони барқароршавии пас аз ҳамагирии COVID-19, мо якҷоя метавонем ба сӯи ҷомеаҳои боз ҳам устувор ва одилона раҳсипор гардем.
Мо метавонем тавассути ҳамбастагӣ, ягонагии ҳадафҳо ва рӯҳияи нави муколама, созиш ва мусолиҳа бо мушкилоти мавҷуда истодагарӣ кунем ва ба ормони аслии Созмони Милали Муттаҳид — сулҳ, шукуфоӣ ва ҳуқуқи инсон барои ҳама ноил шавем.
Бори дигар барои дастгирии СММ дар се даҳсолаи охир миннатдорӣ намуда, умед дорем, ки солҳои минбаъда ҳамкориҳоямон боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд».
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимии Шуморо ба муносибати 30 — солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо камоли мамнуният дарёфт намудам.
Боиси тазаккур аст, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ростои муаррифии комили Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи ҷойгоҳи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши арзишманд дошт.
Дар ин давра кишвари мо дар ҳамкорӣ бо СММ дар роҳи иҷрои ҳадафҳои муштарак, ба монанди пойдории сулҳу амонӣ дар сайёра, рушди муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо, мусоидат ба ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва таъмини эҳтироми ҳуқуқи инсон тадбирҳои амалӣ андешидааст.
Мо саҳми арзандаи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории онро дар умури байналмилалӣ, бахусус истиқрори сулҳу субот, аз ҷумла дар Тоҷикистон, баланд арзёбӣ менамоем.
Кишвари мо аз ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид ва дастрасӣ ба минбари ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати муаррифии ташаббусҳои созанда ва дарёфти ҳадафҳои ҷаҳониаш изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Мо омодаем, минбаъд низ ба ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид идома диҳем ва дар ростои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саҳми босазо дошта бошем».
www.president.tj