15 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов номаи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Сердар Гурбангулиевич!
Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба мансаби олии давлатии Президенти Туркманистони дӯст сидқан табрик мегӯям.
Натиҷаҳои интихобот нуфузу эътибори баланди сиёсии Шумо, ҳамчунин, ҷонибдории ҷомеаро аз сиёсате, ки дар кишваратон ба манзури рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии он татбиқ мегардад, пурра таъйид намуданд.
Мо ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бар усули шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, аҳамияти хосса медиҳем.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам рағбати ин ҷонибро ба фаъолияти зичи муштарак бо Шумо ҷиҳати пешбурди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии ҳар ду кишвар ба нафъи мардумонамон ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод таъкид намоям.
Ба Шумо, Сердар Гурбангулиевич, сиҳатмандии комилу некуаҳволӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Туркманистон сулҳу пешрафт ва шукуфоии доманадор орзумандам».
11 марти соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар мубодилаи номаҳои шодбошӣ ба амал омад.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 30 — юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Франсия самимона табрику таҳният мегӯям.
Густариши бомароми муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямонро, ки тӯли ин солҳо ҷанбаҳои наву созанда касб намуданд, боиси қаноатмандӣ медонем.
Тавсеаи минбаъда ва инкишофи рӯзафзуни муносибатҳои ҳамкорӣ бо Фаронса яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мо ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати рушду нумӯи ҳар чӣ бештари онҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн саъю кӯшиши пайваста ба харҷ медиҳем.
Итминон дорем, ки бо саъю талошҳои муштараки мо дар роҳи ба пояҳои баландтар баровардани ҳамкориҳо дар бахшҳои созгор ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия амну субот, саодат ва пешрафту шукуфоӣ орзумандам».
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Дар ин рӯзҳо, ки Франсия ва Тоҷикистон аз 30 — юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатиашон истиқбол менамоянд, ман аз фаъол гардидани мубодилаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ин сол, аз ҷумла ба шарофати сафари Шумо дар моҳи октябр ба Париж, изҳори хушнудӣ менамоям.
Намоишгоҳи «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки мо дар моҳи октябр дар Осорхонаи санъатҳои осиёии Гимеи Париж муштаракан ифтитоҳ намудем ва муваффақияти азимро соҳиб гардид, аз кори бисёрсолаи ҳар ду ҳайати археологии фаронсавӣ ба Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ниҳоят хуби миёни Франсия ва Тоҷикистон дар ин соҳа дарак медиҳад.
Ман мехоҳам, ки ба ҳамкориҳои муштаракамон дар ҳама соҳаҳое, ки замони сафари Шумо ба Париж мушаххас сохта будем, идома диҳем. Бахусус шодам, ки муносибатҳои нави шарикӣ дар соҳаи ҳамкориҳои донишгоҳӣ, дар мисоли созишномае, ки ба наздикӣ миёни Донишгоҳи миллии забонҳои Шарқ ва фарҳанг ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, барқарор карда шудаанд.
Дар ҳоле ки мо ба 30 соли гузашта менигарем, ман мехостам бори дигар ба кишвари Шумо барои вогузории пойгоҳ ба қисми фаронсавии ҳарбӣ — ҳавоӣ дар шаҳри Душанбе дар давраи аз соли 2001 то соли 2014 миннатдории Франсияро иброз намоям. Дар баробари ин, бар асоси уҳдадориҳои гирифтаи Франсия Тоҷикистонро дар самти интиқолоти ҳавоӣ дастгирӣ намуд. Боиси хушҳолии ман аст, то эълон намоям, ки парламенти Франсия созишномаро оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки мо соли 2019 дар Париж ба имзо расонида будем, ба таъйид расонид.
Хостори он ҳастам, ки мо ба муколамаи стратегӣ оид ба вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ки қаблан оғоз бахшида будем, идома диҳем. Шиддат дар сарҳадот нигаронии минтақаро ба бор овардааст. Франсия суботи минтақавиро дар Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим медонад. Мо омодаем бо ҳама шарикон гуфтушунид анҷом диҳем ва ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва САҲА таҳким бахшем.
Лутфан, ҷаноби Президент, эҳтиромоти амиқи маро бипазиред».
12 марти соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдулло Риъоятуддин Ал — Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал — Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал — Мустаъин Биллоҳ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар мубодилаи номаҳои шодбошӣ ба амал омад.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдулло Риъоятуддин Ал — Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал — Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал — Мустаъин Биллоҳ омадааст:
«Аълоҳазрат!
Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати 30 — солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия бипазиред.
Раванди ҷории мусбати муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни ҳар ду кишвар ояндаи талошҳои пайгиронаи муштаракро ҷиҳати густариши минбаъдаи онҳо умедбахш месозад.
Мо омодаем ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои созанда ва рушди бештари ҳамкориҳои фарогири ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми ҳар ду кишвар ба муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, идома диҳем.
Итминон дорам, ки дар роҳи тавсеаи бомароми муносиботи гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар ва ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо натиҷаҳои навини амалӣ азму ирода ва иқдомҳои муштарак натиҷаҳои босамар хоҳанд дод.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодати рӯзгору комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Малайзия сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии устувор орзумандам».
Дар барқияи табрикии Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдулло Риъоятуддин Ал — Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал — Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал — Мустаъин Биллоҳ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати санаи хотирмони 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Малайзия ва Тоҷикистон ҳамроҳ бо Малика Раҷа Пермайсурӣ Агонг самимонатарин табрикоти худро ба Ҷаноби Олӣ мерасонем.
Малайзия сатҳи кунунии олии муносибатҳои миёни ҳар ду кишварро қадр мекунад.
Мо бар ин боварем, ки ин муносибатҳо ба нафъи кишварҳои мо ва мардумамон тавсеа ва таҳкими бештар хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комил, хушҳолӣ ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу амонии пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзумандем».
www.president.tj