Номаҳои шодбошӣ

№№ 33-34 (4453 - 4454) 17.03.2022

16 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Ваагн Хачатурян номаи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Ваагн Гарникович!

Ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Арманистон ба Шумо табрику таҳнияти самимӣ ва таманниёти неки худро мерасонам.

Тоҷикистон ва Арманистонро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созанда бо ҳам мепайванданд.

Итминон дорам, ки муносибатҳо миёни кишварҳоямон минбаъд низ тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориро фаро хоҳанд гирифт. Омодаам дар ин ҷода якҷоя бо Шумо саъю талошҳои лозимаро ба харҷ диҳам.

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Ваагн Гарникович, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳ, шукуфоӣ ва некуаҳволӣ орзу менамоям».

16 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне — Новак номаи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ!

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Маҷористон самимона табрик менамоям.

Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо Маҷористон манфиатдор мебошад ва ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамояд.

Мо хоҳони вусъати бештари ин ҳамкориҳо ва кушодани саҳифаҳои нав дар ростои тавсеаи равобити густурдаи байни ҳар ду давлати дӯст ҳастем ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳем овард. Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии мо дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми тарафайн ба пояҳои баландтар бардошта хоҳад шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандиву саодат ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Маҷористон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

 16 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея муҳтарам Юн Сок Ёл номаи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Корея самимона табрику таҳният мегӯям.

Мо Ҷумҳурии Кореяро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем.

Кишвари Шумо дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли равон мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиамонро, ки ба 27 апрел рост меояд, ҷашн мегирем.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу муҳтавои кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея омодагии ин ҷонибро ҷиҳати густариши минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз менамоям.

Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи ду кишвари ба ҳам дӯст минбаъд низ дар маҷрои рушду тавсеа идомаи нек пайдо карда, натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва дар пешбурди фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

www.president.tj