Номаҳои шодбошӣ

№51 (4471) 26.04.2022

25 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Жан — Мишел Фредерик Макрон номаи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ

Бо камоли фараҳмандӣ Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Фаронса табрику муборакбод мегӯям.

Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам.

Мо аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамеша ҳавасманди густаришу тавсеаи бештару ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем.

Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак, аз ҷумла тавассути идомаи муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ҳар ду ҷониб, робитаҳои шарикии созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон дар оянда низ пайгирона рушд хоҳанд ёфт.

Дар ин зимн даъвати худро аз Шумо, ҷаноби Президент, ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бори дигар таҷдид менамоям.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».

24 апрели соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар мубодилаи номаҳои шодбошӣ ба амал омад.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Фарорасии 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистонро ба Шумо самимона табрик мегӯям.

Боиси хушнудист, ки дар тӯли се даҳаи сипаришуда кишварҳои мо бар асоси усулҳои баробарӣ, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ ба сатҳи хуби муносиботи ҳамкорӣ даст ёфта, имрӯзҳо ҷиҳати пешбурди минбаъдаи онҳо  кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва шарикии созанда бо Муғулистон дар заминаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Бовар дорем, ки бо азму талошҳои муштарак муносибатҳои байнидавлатии ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст дар оянда низ рушд карда, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон сатҳ ва муҳтавои сифатан нав касб хоҳанд кард.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комил, некуаҳволӣ ва комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Муғулистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар номаи шодбошии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Муғулистон ва Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шуморо аз номи мардуми муғул ва шахсан аз номи худам самимона табрику таҳният мегӯям.

Боиси хушнудист, ки дар тӯли 30 соли гузашта муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Муғулистон ва Тоҷикистон ба туфайли талошҳои муштарак муваффақона рушд меёбанд.

Аз ҳамкориҳо бо Шумо ҷиҳати минбаъд ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои миёни ҳар ду кишвар бо мазмуну мундариҷаи воқеӣ шод хоҳам буд.

Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, дар фаъолияти кориатон комёбиҳои азим, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ орзумандам».