Номаҳои шодбошӣ

№122 (3423) 11.09.2015

пре

Дар робита ба ҷашни умумихалқӣ — 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияҳо ва паёмҳои табрикотӣ аз номи сарони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятии кишварҳо ворид гашта истодаанд.

Аз ҷумла дар барқияи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Шуморо бо ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият табрик мегӯям.

Зикр менамоям, ки дар солҳои охир кишвари Шумо ба муваффақиятҳои назаррас дар ҳалли масоили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид.

Муносиботи Тоҷикистону Россия дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ босуръат рушд мекунад. Ҳамкории мо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба самараи хуб дода истодааст.

Мутмаинам, ки таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо ба манфиатҳои аслии ду халқ ҷавобгӯянд. Бори дигар таъкид мекунам: Россия саъю кӯшишҳои роҳбарияти Тоҷикистонро барои таъмини субот ва амнияти минтақа, пешгирӣ намудан аз кӯшишҳои нооромсозии вазъият дар ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, бурдборию муваффақиятҳо ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони дӯст сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар барқияи Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

«Ба муносибати 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой, халқи Хитой ва ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар симои Шумо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи дӯст табрикоти самимона ва таманниёти беҳтаринро изҳор медорам.

Дар оғози ин моҳ Шумо ба Хитой сафар намуда, дар чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги муқовимати халқи Хитой бар истилогарони Япония ва ҷанги ҷаҳонӣ бар зидди фашизм иштирок кардед. Мо оид ба ҳамкории Тоҷикистону Хитой ва ҳамчунин оид ба масоили таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуда, ба мувофиқаи умумӣ расидем. Ман омодаам, ки якҷоя бо Шумо робитаи наздикро ба роҳ монда, баҳри вусъати мунтазами ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Хитой кӯшиш ба харҷ диҳам.

Ба Шумо саломатии бардавом  ва дар корҳоятон комёбиҳо таманно дорам.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоӣ ва ба мардуми он хушбахтӣ орзумандам».

Дар паёми табрикотии худ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама менависад:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Дар якҷоягӣ бо мардуми Амрико беҳтарин таманниёти хешро ба Шумо ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, ирсол менамоям. Мехостам бори дигар дастгирии мунтазами Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар роҳи бунёди соҳибихтиёрӣ, рушди иқтисод ва густариши демократии Тоҷикистон таъкид намоям. Тавассути музокироти кушод ва боэътимод метавонем як заминаи хуберо барои муносибатҳои боз ҳам қавитар ва васеътар, ки он ба мардуми Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сулҳу суботро кафолат медиҳад, гузорем.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз қабили нахустин кишварҳоест, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шинохтааст ва ба таъмини сулҳу субот ва шукуфоии он содиқ хоҳад монд. Ҳамкории бардавом, ки тӯли солҳои охир пиёда намудем, барои муносибатҳои оянда заминаи қавиро фароҳам оварданд. Мунтазири онам, ки дар солҳои наздик дӯстӣ миёни мардуми мо ва ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар боз ҳам мустаҳкамтар гарданд».

Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия, аз ҷумла, гуфта шудааст:

«Ҷаноби Президент!

Солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо  ва тамоми мардуми кишваратон шахсан аз номи худам ва тамоми ҳамватанонам табрик мегӯям.

Аз лаҳзаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳоямон дар риштаҳои гуногун муносибатҳои зуд рушдкунанда ва эътимодбахш ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон барои Германия дар Осиёи Марказӣ шарики муҳим  ба шумор меравад. Дар оянда ҳам мо мехоҳем кишвари Шуморо дар роҳи идомаи ташаккули сохторҳои демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва низоми бозорӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. Итминон дорам, ки чунин роҳи рушд барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба бар нафъи ҳар ду кишвар зербинои олӣ хоҳад буд.

Ба Шумо тансиҳатии комил орзу намуда, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу озодӣ ва некуаҳволиро таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёми худ зикр кардааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Фаро расидани солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ, Давлат ва мардуми кишваратон табрик мегӯям.

Умедворам бо иноят ба пайвандҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангии ду миллат ва иродаи хости муштараки мақомҳои баландпояи ду кишвар густариши равобити ҳасана миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама абъод беш аз гузашта шоҳид бошем.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти онҷониб, беҳрӯзӣ ва сарафрозии Давлат ва мардуми Тоҷикистонро орзу дорам».

Дар паёми табрикотии Генерал-губернатори Иттиҳоди Австралия Питер Косгроув зикр шудааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Иҷозат диҳед, ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон шахсан аз номи худам, Ҳукумат ва мардуми Австралия самимонатарин таманниётро иброз намоям.

Австралия муносиботи худро бо Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, ба тақвияти минбаъдаи робитаҳои дуҷониба умед дорад. Австралия нияти қатъӣ дорад, ки дар оянда бо Тоҷикистон ҳамкории хешро оид ба ҳалли масоили дорои манфиатҳои ҳар ду кишвар, аз ҷумлаи рушди байналмилалӣ ва бехатарии минтақавӣ бо тартиби дуҷониба ва ҳамаҷониба ба роҳ монад.

Имсол ҳамчун соли мустаҳкам намудани муоширати байнишахсӣ дар риштаи варзиш арзёбӣ шудааст. Тимҳои мунтахаби миллии кишварҳоямон дар як гурӯҳи интихобии чемпионати ҷаҳон оид ба футболи соли 2018 қарор доранд. 8 сентябр бошад, дар Душанбе барои фараҳмандии мухлисони тимҳои мо, мусобиқаи байни тимҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон дар назар аст. Аз қабули тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷавобӣ, ки соли оянда дар Австралия мегузарад, шод хоҳем буд.

Иҷозат диҳед, итминони худро иброз намоям, ки  муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳоямон дар оянда низ ривоҷ хоҳанд ёфт.

Ҷаноби Олӣ, лутфан табрикоти шахсӣ ва эътимоди  маро дар хусуси эҳтироми амиқ бипазиред».

Дар паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллӣ- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Мутмаинам, ки муносиботи Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар пояи ҳусни ҳамсоягӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд, минбаъд ҳам мунтазам рушд карда, ба манфиати халқҳои дӯсти мо, ба нафъи ҳифзи амният ва субот дар минтақа таҳким меёбанд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, муваффақиятҳо ва ба халқи Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар барқияи худ ба Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев менависад:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият қабул фармоед.

Мутмаинам, ки муносиботи муътамади дӯстонаи миёни Остона ва Душанбе шаклгирифта минбаъд ҳам ба манфиати миллии халқҳоямон рушд мекунад.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо саломатии бардавом, ба корҳои масъулиятнокатон бурдбориҳо ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар паёми худ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи зикр мекунад:

«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва аз номи худ шарафёбам, ки Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, табрик менамоям.

Ҳиндустону Тоҷикистон аз ибтидо муносибатҳои зич ва дӯстона доштанд. Ин ду кишвар муносибатҳои устуворро дар асоси таърихи бо ҳам пайвастаамон ва биниши васеи сулҳу субот дар минтақаи умумӣ рушд дода истодаанд.

Ташрифи давлатии Сарвазири Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2015 хоҳиши Ҳиндустонро барои рушд додани шарикии стратегии худ бо Тоҷикистон инъикос намуд. Татбиқи қарорҳо дар давоми ташрифи мазкур як рӯҳияи тозаро барои муносибатҳоямон бахшида, имкониятҳои навро барои ҳамкории минбаъда ба манфиати мардуми ду кишвар пеш оварданд.

Ба муносибати ин ҷашни муборак, ман ба Ҷаноби Олӣ саломатӣ, бурдбориҳо ва сулҳу суботро ба мардуми Тоҷикистон таманно менамоям.

Фурсати мазкурро ҷиҳати изҳори эҳтироми худ нисбати Шумо, Ҷаноби Олӣ, ғанимат медонам».

Дар барқияи табрикии Императори Япония Акихито гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудии беандоза ба Шумо, Ҷаноби Олӣ табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ирсол дошта, бароятон хушбахтӣ ва ба халқи кишвари Шумо шукуфоӣ таманно дорам».

Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни миллӣ — Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ аз самими қалб табрик менамоям.

Сиёсати ҷоринамудаи Шумо, ки ба самти таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон равона шудааст, натиҷаҳои назаррас ва ҷонибдории шаҳрвандонро нишон медиҳад. Мутмаинам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Беларус ва Тоҷикистон, ки дар заминаи эътимоди тарафайн асос ёфтаанд, минбаъд ҳам ба манфиати халқҳои кишварҳоямон густариш меёбанд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хушбахтӣ, саломатӣ, бурдборӣ ва дар татбиқи иқдомҳо муваффақият орзу намуда, ба халқи Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар барқияи табрикотии Шоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд навишта шудааст:

«Бародари муҳтарам, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишваратон аз номи миллат ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод менамоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом ва ба мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоиро орзумандам».

Дар барқияи табрикотии Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст!

Бо камоли хурсандӣ Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати солгарди ҷашни Истиқлоли кишваратон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо сиҳатмандиву хушбахтӣ, ба мардуми дӯсти тоҷик пешрафту шукуфоии беш аз пешро орзумандам.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб барои идомаи робитаҳои ҳамкории дӯстона байни ду кишвар ва мардуми бо ҳам дӯст изҳори ҳавасмандӣ менамоем.

Ҷаноби Олӣ, сипоси самимии моро бипазиред».

Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллӣ- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Озарбойҷону Тоҷикистонро муносибатҳои дӯстонаи таърихӣ ва ҳамкории бисёрҷониба ба ҳам мепайванданд. Мутмаинам, ки бо шарофати кӯшишҳои якҷояи мо муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Озарбойҷону Тоҷикистон минбаъд ҳам устувортар гардида, ба манфиати халқҳои мо,  ба хотири шукуфоии кишварҳоямон муттасил рушд мекунанд.

Дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, хушбахтӣ, муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу бурдбориҳо таманно дорам».

Дар паёми шодбошии Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов зикр шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Боиси сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати ҷашни миллии кишваратон — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният мегӯям.

Мутмаинам, ки сатҳи баланди ҳамкориву ҳусни тафоҳум, ки миёни ду кишвари бо ҳам дӯст ба роҳ монда шудааст, барои тавсеаву таҳкими минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон ва барои некуаҳволии мардумонамон бунёди мустаҳкам хоҳад буд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз  фурсати муносиб, ба Шумо саломатии қавӣ, саодатмандӣ ва комёбиҳоро таманно дорам. Лутфан табрикоти самимии маро бо беҳтарин таманниёти сулҳу рифоҳат ба мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон бирасонед».

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев дар паёми худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Мутмаинам, ки муносибатҳои дӯстонаи бисёрасра ва анъанавии ҳамсоягӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати мардуми кишварҳои мо таҳким меёбанд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, дар фаъолияти давлатиатон бурдбориву муваффақиятҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар барқияи Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Олланд омадааст:

«Ҷаноби Президент!

Ба муносибати ҷашни миллӣ — Рӯзи Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ман ба Шумо ва ба халқи Шумо сулҳ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Моҳи ноябри соли гузашта пурра баровардани полки ҳавоии Франсия аз Фурудгоҳи Душанбе доир гардид, ки аз соли 2001 барои дастгирии қӯшунҳои мо дар Афғонистон дар Тоҷикистон мустақар буд, барои ин амал ва дастгирӣ ман бори дигар миннатдории худро ба Шумо изҳор медорам.

Ширкатҳои франсиявӣ ба кишвари Шумо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо Форуми тиҷоратии моҳи апрел дар шаҳри Душанбе  бо ҳайатҳои Франсия баргузоршударо хуб қабул кардаанд.

Умедворам, ки ҳамкории иқтисодии мо, ки аллакай Франсия  бо сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои нефту газ ва тиҷорат саҳми назаррас гузоштааст, минбаъд ҳам таҳким ёфта, ба нафъи кишварҳоямон вусъат меёбанд.

Ҷаноби Президент, изҳори самимии маро бо эҳтироми воло қабул фармоед».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Украина Пётр Порошенко навишта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон!

Аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.

Мутмаинам, ки ҳамкории бисёрҷониба миёни Украина ва Тоҷикистон, ки ба робитаҳои дӯстӣ ва манфиати дуҷониба асос ёфтаанд, минбаъд низ ба нафъи халқҳои кишварҳоямон рушд мекунанд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, саломатии бардавом, дар фаъолиятҳои давлатиатон муваффақиятҳои нав, ба халқи тоҷик сулҳ ва бурдборӣ таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии сотсиалистии Ветнам Чионг Тан Шанг дар паёми шодбошии худ овардааст:

«Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Давлат ва мардуми Ветнам, ман ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии худро ирсол медорам.

Мо ҳамеша бо хушнудӣ муваффақиятҳои ноилшудаи Тоҷикистонро дар самти субот ва рушди кишвар қайд менамоем.

Амиқан мутмаинам, ки муносиботи анъанавии дӯстона ва ҳамкории бисёрҷониба дар асоси баробарҳуқуқӣ ва мутақобилан судманд миёни Ветнам ва Тоҷикистон рӯз аз рӯз ба нафъи мардуми кишварҳоямон, ба хотири сулҳу шукуфоӣ дар минтақа ва ҷаҳон густариш ёфта, рушд мекунанд.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои зиёд дар мақоми баландатон орзумандам».

Дар паёми шодбошии Директори кулли ЮНЕСКО  Ирина Бокова зикр шудааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ба муносибати таҷлили Иди миллии кишваратон – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи ЮНЕСКО ва шахсан аз номи  худам табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ирсол медорам.

Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ тавассути ЮНЕСКО нақши фаъол мебозад. Феълан, тадорукоти бомуваффақияти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди  татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», (солҳои 2005-2015)-ро дар ёд дорам, ки дар шаҳри Душанбе аз 9 то 11 июни соли 2015 баргузор гардида буд ва мутмаинам, ки он ба тақвияти аҳамияти масоили обӣ дар рӯзномаи рушди байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Аз сафари хеш ба кишвари Шумо дар соли 2013 ва мушоҳидаи бевоситаи ҳамкории самараноки мо хеле хушнуд будам. Ман, бешубҳа, минбаъд низ дар ҷодаи рушду таҳкими ин муносибатҳои густурда кӯшиш ба харҷ хоҳам дод.

Бо таҷдиди изҳори шодбошӣ, хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро қабул фармоед».

Сарвари давлат, халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин табрик намуданд:

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Мексика – Энрике Пенья Нето,

Президенти Ҷумҳурии Словакия – Андрей Киска,

Президенти Ҷумҳурии Туркия– Реджеп Тайип Эрдоган,

Раиси Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Куба – Раул Кастро Рус,

Президенти Ҷумҳурии Молдова – Николае Тимофти,

Президенти Давлати Фаластин – Маҳмуд Аббос,

Раиси Президиуми Маҷлиси Олии халқии ҶХДК – Ким Ён Нам,

Президенти Ҷумҳурии Чехия – Милош Земан,

Сарвазири Давлати Исроил – Бинямин Нетаняху,

Президенти Конфедератсияи Швейтсария – Симонетты Соммаруга,

Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир – Абдулазиз Бутафлиқа,

Сарвари иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – доктор Абдулло Абдулло,

Шоҳзодаи ворис, муовини аввали раиси Шӯрои вазирон ва вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ — Муҳаммад ибни Ноиф ибни Абдулазиз Оли Сауд,

Котиби кулли Хартияи энергетикӣ – Урбан Руснак,

Узви Парлумони Аврупо, Раиси Гурӯҳи Дӯстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон – Херберт Дорфманн,

Шоҳи Белгия – Филипп,

Шоҳи Шветсия — Карл XVI Густав,

Муовини Президенти Парлумони Аврупо -  Ричард Чарнески,

Вакили Парлумони Аврупо, Раиси Гурӯҳи Парлумони Аврупо доир ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ивет Григуле,

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ — Петер Буриана,

Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ– Ияд Амин Мадани,

Сарвари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ва дигарон.

Ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавии барқияҳо ва паёмҳои табрикотӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

www.president.tj