Бисту сеюми декабри соли 2022 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Мехоҳам Шуморо ба муносибати бомуваффақият қабул шудани Қатъномаи А/77/443, таҳти унвони «2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 153 кишвари ҷаҳон пешбарӣ шудааст, табрик намоям.
Ин тасдиқи муҳими эътимоди кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ба кишвари Шумо ҳамчун пешбарандаи мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва ҳомии нишон додани равобит миёни оби тоза, кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои баҳампайвастаи «Рӯзномаи рушди устувор — 2030» мебошад.
Ман итминон дорам, ки кишварҳои узви СММ ваколатҳои навро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи тадбирҳои муштараки мо дар масоили об, кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла тавассути «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025) ва «Рӯзи байналмилалии пиряхҳо» (21 март), ба таври шоиста истифода хоҳанд кард.
Бори дигар мехоҳам миннатдории худро барои саъю кӯшиши Шумо дар ин ҷодаи муҳим баён намоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро бипазиред».