12-13 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии комилатон дар интихоботи президентӣ қабул фармоед.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ нуфузи баланди сиёсӣ ва аз ҷониби ҳамаи мардум дастгирӣ намудани роҳи Шуморо, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи байналмилалии он нигаронда шудааст, пурра тасдиқ менамоянд.
Мо ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ бо Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳем. Мехоҳам алоқамандии худро ба идомаи ҳамкории зичи муштарак ҷиҳати афзун гардонидани маҷмӯи робитаҳои дуҷонибаамон бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти мо ва ба хотири таъмини сулҳу амонӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ таъкид намоям.
Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фаъолияти сермасъулатон дар маснади Сарвари давлат комёбиҳои навин, саломатии қавӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам».
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвони Сарвари давлати мо чунин менигорад:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Лутфан иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, ҳамчунин, аз номи худам, ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти беҳтарини ин ҷонибро арз намоям.
Натиҷаҳои интихоботи анҷомёфта бори дигар собит месозанд, ки Консепсияи идораи давлат, ки аз ҷониби Шумо татбиқ мегардад, мавриди дастгирии васеи мардуми Тоҷикистон қарор дорад. Итминон дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар амалияи рушди миллӣ ҳатман ба комёбиҳои навини бузург ноил хоҳад шуд.
Чин ва Тоҷикистон ду ҳамсояи ба якдигар некхоҳ, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод мебошанд, ки ба таври доимӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуда, дар муносибатҳояшон сатҳи баланди эътимодро нигоҳ медоранд ва онҳоро кӯҳҳову дарёҳои умумӣ ба ҳам мепайванданд. Тайи солҳои охир дар муносибатҳои дуҷонибаи мо иқдомоти нав ба назар мерасанд. Чин ва Тоҷикистон нахустин маротиба бунёди ҷомеаи рушд ва ҷомеаи амнияти муштаракро эълом дошта, дар қатори пешсафони бунёди ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният қарор гирифтанд ва ба ин манзур мисоли равшане барои ҷомеаи ҷаҳонӣ шуданд. Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳам ва барқарории муносибатҳои хуби корӣ, дӯстии шахсии амиқ бо Шуморо қадрдонӣ менамоям. Ман омодаам, ки якҷо бо Шумо ҷиҳати ба зинаҳои нав баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистон бар нафъи мардумон ва кишварҳои мо ба таври доимӣ кӯшишҳои муштаракро ба харҷ диҳам.
Ба Шумо сиҳатии қавию комёбиҳои бузург орзумандам.
Ба мардуми Тоҷикистони дӯст рушду шукуфоӣ ва саодатмандиву некуаҳволӣ хоҳонам».
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Бародари азиз!
Аз самими қалб Шуморо, Ҷаноби Олӣ, бо пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар баландтарин сатҳи тадорукотӣ доир гардид, табрику муборакбод менамоям. Самимонатарин таманниёти неку сидқии маро қабул фармоед.
Ҳузур ва иштироки фаъоли интихобкунандагон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва натиҷаҳои овоздиҳӣ бори дигар эътимоди бузург ва тарафдории васеи аҳолиро аз барномаи ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодие, ки аз ҷониби Шумо ба мақсади таъмини рушди босубот ва ноил гаштан ба шукуфоии давлат татбиқ мегардад, тасдиқ менамоянд.
Мехоҳам ба таври хоса таъкид намоям, ки таҳти роҳбарии Шумо то ба имрӯз корҳои бениҳоят бузурги созандагӣ ба анҷом расидааст, ки мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас таҳким бахшидаанд.
Мо таваҷҷуҳи доимӣ ва саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷавории миёни кишварҳо ва мардумони ба ҳам бародари мо баланд арзёбӣ ва қадрдонӣ менамоем.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ба туфайли саъю талошҳои муштарак, ки ба пешбурди манфиатҳои аслии мардумонамон нигаронда шудаанд ва барқарории муносибатҳои бародаронаву эҳтироми ҳамдигар, густариши босуръати шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон идома ёфта истодааст.
Итминон дорам, якҷо бо Шумо таъмиқу тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои пуррамиқёси кишварҳоямонро таъмин хоҳем кард, ки барои ба сатҳи боз ҳам баландтару сифатан нав баровардани муносибатҳои дарозмуддату гуногунҷанба ва барои ҷонибҳо судманди Ӯзбекистону Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии қавӣ, некуаҳволии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи худам Шуморо сидқан ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.
Пирӯзии комили Шумо дар интихоботи баргузоргардида боз як далели аз ҷониби тамоми мардум устуворона дастгирӣ намудани роҳи стратегии пешгирифтаатон мебошад, ки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, некуаҳволии шаҳрвандон ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар нигаронда шудааст.
Саҳми бузурги шахсии Шуморо дар рушди муносибатҳои дӯстии шикастнопазир ва шарикии стратегии миёни кишварҳоямон баланд арзёбӣ менамоям. Итминон дорам, ки бо кӯшишҳои муштарак ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Қазоқистон ва Тоҷикистон мутобиқ ба манфиатҳои ду мардуми ба ҳам бародари мо ба зинаҳои нав хоҳанд баромад.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи муваффақонаи ҳамаи нақшаҳои дар маснади олии давлатӣ ба хотири таъмини некуаҳволӣ ва шукуфоии Тоҷикистон равона гардидаатонро орзумандам».
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум!
Интихоби дубораи Ҷаноби Олиро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Итминон дорам, ки бо иноят ба муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии ду кишвари дӯсту бародар дар давраи ҷадиди масъулияти он Ҷаноб муносиботи ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини манфиатҳои муштарак ва таҳкими сулҳу суботи мантақавӣ беш аз пеш густариш меёбанд.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноби Олӣ ва иззату сарбаландии мардуми Тоҷикистонро орзу дорам».
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов омадааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Бо камоли майл Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод менамоям.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ эътимоди баланди мардуми Тоҷикистонро ба Шумо, ки бо раъйдиҳиаш ба тамоми олам тарафдории васеъ ва бешакку шубҳаи худро аз роҳи интихобкардаи Шумо ҷиҳати таъмини субот дар кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии он, ҳамчунин, сиёсати созандаи Шумо, ки ба рушди босуръати кишвар ва бемайлон баланд бардоштани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон медиҳанд.
Ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябри соли 2020 доир гардид, ҳамчун интихоботи шаффофу озод ва қонунӣ, ки ба оламиён қадамҳои муҳими кишварро дар роҳи рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ кард, эътироф намуд.
Изҳори итминон менамоям, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо ба комёбиҳои боз ҳам назаррас ноил гардида, босуръат рушд мекунад.
Шумо яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай мебошед ва ба таҳкими пайвастаи зарфиятҳои сиёсиву иқтисодии он аҳамияти калон медиҳед. Мо, ҳамчунин, дар арафаи лаҳзаи муҳим, яъне пас аз Саммити сарони давлатҳои аъзои Созмон дар моҳи ноябри соли 2020 гузаштани раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз Россия ба Тоҷикистон, ки таҳти нишонаи 20-солагии қарори таърихии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай анҷом хоҳад ёфт, қарор дорем.
Дар иртибот ба ин, мехоҳам ба Шумо фаъолияти муваффақонаву босамарро ба ҳайси раиси ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай орзу намоям.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу некуаҳволӣ ва дар фаъолиятатон дар маснади олии давлатӣ комёбиҳои бузург баҳри сулҳу пешрафт ва шукуфоии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳонам».
Нурсултон Назарбоев — Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Аз самими қалб Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.
Ин ғалаба, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати созандаи дохилӣ ва хориҷии Шумо, тарафдории мардум аз Шумо дар роҳи рушди минбаъдаи кишваратон мебошад.
Мехоҳам саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими шарикии дуҷонибаи стратегӣ, анъанаҳои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намоям.
Дӯстии байни мову Шуморо, ки дар заминаи эътимод ва ҳусни тафоҳум барқарор гардидааст, баланд қадрдонӣ менамоям. Муътақидам, ки кори муштараки самарабахш ҳамоно заминаи рушди ҳамкории ҳамаҷонибаро бар нафъи мардумонамон ташкил медиҳад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии қавӣ ва комёбиҳо дар татбиқи иқдомҳои некатон, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ орзу менамоям».
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.
Бовар дорам, ки ислоҳоту барномаҳои муҳиме, ки аз ҷониби Шумо амалӣ мешаванд, ҳаёти иҷтимоии мардумро боз ҳам беҳтар карда, барои рушди минбаъдаи босуботи кишвар шароити мусоид фароҳам меоваранд.
Муътақидам, ки мо бо саъю талошҳои муштарак кореро, ки ба таҳкими ҳамкории созандаи мо ва таъмиқи муносибатҳои дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон бар асоси эътимоди мутақобила нигаронда шудааст, бар нафъи некуаҳволии ду мардуми ба ҳам бародар идома хоҳем бахшид.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ хоҳонам».
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ овардааст:
«Муҳтарам Президент,
Дӯсти азизам!
Аз номи мардуми Ҷумҳурии Туркия ва шахсан аз номи худам Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади олӣ дар интихоботи президентии 11 октябри соли 2020 ва эътимоди зиёди мардуми Тоҷикистон ба Шумо бо беҳтарин таманниёт самимона табрик намуда, бароятон комёбиҳои бардавом орзумандам.
Хеле шод ҳастем, ки интихобот бомуваффақият ва дар фазои оромию осоиштагӣ баргузор гардид. Натиҷаи интихоботро ба мардуми Тоҷикистон муборакбод мегӯям.
Итминон дорам, ки дар якҷоягӣ робитаҳоямонро, ки аз пайвандҳои зичи дӯстии байни мардумонамон ва кишварҳоямон неру мегиранд, дар давраҳои минбаъда низ вусъат хоҳем бахшид.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тансиҳатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоиву некуаҳволии бардавом таманно дорам».
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар номаи табрикотиаш гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод менамоям.
Пирӯзии Шумо дар ин интихобот як далели эътимоди бузурги мардум ба Шумо, баҳои баланд ба хизматҳои Шумо ва он сиёсате, ки аз ҷониби Шумо дар роҳи рушду шукуфоии кишваратон татбиқ мегардад, мебошад.
Озарбойҷон ва Тоҷикистонро риштаҳои таърихан ташаккулёфтаи дӯстӣ ба ҳам мепайванданд. Итминон дорам, ки бар асоси ин анъанаҳои нек муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории мо мутобиқ ба манфиатҳои мардумонамон дар оянда низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Беҳтарин таманниёти худро ба Шумо арз намуда, дар фаъолиятатон ба нафъи шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон комёбиҳо орзумандам».
Президенти Грузия Саломе Зурабишвили дар барқияи худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:
«Ҷаноби Олӣ!
Мояи камоли фараҳмандии ин ҷониб аст, ки табрикоти самимонаи худро ба Шумо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намуда, бароятон сиҳативу саодатмандӣ ва дар иҷрои рисолати сермасъули давлатиатон муваффақият орзу менамоям.
Дар иртибот ба ин рӯйдоди хоса мехоҳам хушнудона таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим иҷро менамояд. Мутмаинам, ки Тоҷикистон дар оянда ҳам ба пешрафти қобили назар, ки барои амнияту шукуфоии ҳамаи мо ҳаётан муҳим мебошад, ноил хоҳад гардид.
Бовар дорам, ки ҳамкории фаъоли байни кишварҳои мо дар самтҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мутобиқ ба манфиатҳои муштараки мардумонамон минбаъд низ идома ёфта, рушд хоҳад кард.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми ин ҷониб ва беҳтарин таманниёти манро ҷиҳати сулҳу шукуфоӣ ба мардуми Тоҷикистон қабул фармоед».
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.