Номаҳои табрикотии роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№134-135 (4240-4241) 31.10.2020

29 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.

 Дар табрикномаи Сарвазири Япония Суга Ёсихидэ чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!

Иҷозат диҳед Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намоям. Аз лаҳзаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон Япония пайваста бо кишвари Шумо ба нафъи рушди он ва суботи минтақавӣ ҳамкорӣ мекунад.

Бо дар назар доштани он ки соли 2022 ба барқарории муносибатҳои дипломатии байни Япония ва Тоҷикистон 30 сол пур мешавад, ман ният дорам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо, Ҷаноби  Олӣ, тамоми имконотро ҷиҳати таҳкими муносиботи дӯстонаи байни кишварҳоямон, аз ҷумла, тавассути ҳамкорӣ дар чорчӯбаи муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония», мавриди истифода қарор диҳам.

Эътиқод бар он дорам, ки ҳамкорӣ бо Шумо,  бо дарназардошти таҷрибаи ғании Шумо,  ба таъмиқ ва тавсеаи минбаъдаи шарикиамон мусоидат хоҳад кард.

Ба Шумо саломатии бардавом ва ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ орзу менамоям».

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хушҳолам, ки аз номи мардум ва Ҳукумати Покистон ва аз номи худам табрикоти самимиро ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам.

Идомаи раёсати ҷумҳурии Ҷаноби Олӣ инъикосгари эътимоди баланд ва боварии комили мардуми Тоҷикистон мебошад.

Покистон ва Тоҷикистон робитаҳои бародарона доранд, ки дар таърих ва фарҳанги муштарак, ҳамчунин, дар робитаҳои тамаддунии мо реша давондааст.

Мо сидқан мехоҳем, ки миқёси ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам амиқ гашта, густариши бештар  ёбад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам аз самими қалб аз Ҷаноби Олӣ ҷиҳати ташриф ба Покистон даъват биёварам. Мардуми Покистон бесаброна мунтазири истиқболи шумо дар наздиктарин фурсат мебошад.

Ба Шумо саломатии бардавому дар фаъолияти ояндаатон муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.

Фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтиром ғанимат медонам».

Президенти Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

«Ҷаноби Олӣ!

Табрикоти ин ҷонибро аз номи мардуми Латвия ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Ман ба Шумо дар идомаи масъулияти баландатон ҷиҳати таъмини субот ва рушди иқтисодиёти кишваратон муваффақият хоҳонам.

Умедворам муносибатҳои дуҷониба миёни Латвия ва Тоҷикистон  минбаъд низ дар соҳаҳои гуногуни манфиатҳои тарафайн, аз ҷумла, муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва маориф, рушд хоҳанд ёфт.

Ман, инчунин, интизори ҳамкориҳои пурсамар дар доираи муколамаи Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар чаҳорчӯби ҳамкориҳои бисёрҷониба мебошам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи президентӣ аз номи мардуми Молдова ва шахсан аз номи худам беҳтарин табрикоту таманниёти самимӣ   ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон бар нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақиятҳои ҷадидро иброз менамоям.

Бо интихоб карданатон ба маснади олии давлатӣ, мардуми тоҷик ба Шумо боварии баланд изҳор намуда, роҳи Шуморо дар рушди сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба таври васеъ дастгирӣ кард.

Муътақидам, ки ҳамкориҳои самарабахши байни Молдова ва Тоҷикистон, ки бар дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, минбаъд ҳам дар соҳаҳои гуногун муваффақона густариш хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин имконияти фараҳбахш, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, комёбӣ ва дастовардҳову пирӯзиҳои нав орзу менамоям ва хоҳишмандам эҳтиромоти амиқи маро қабул намоед».

Дар табрику таҳнияти Дабири Кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимитарин ва гармтарин табрикотро бипазиред.

Дар пасманзари пирӯзии мутлақатон обрӯи Шумо, ки дар натиҷаи фаъолияти бисёрсолаатон чун сарвари Тоҷикистон ба даст овардаед, ҳамчунин, истеъдоди пешвои бомарому фаъол, аён мегардад.

Дар кишварҳои аъзои СААД ба дастовардҳои рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи муосири шаҳрвандӣ дар такя ба анъанаҳои миллӣ, боварӣ ва дастгирии мардуми тоҷик, инчунин, ба муваффақиятҳои он дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёди заминаи мудофиавӣ бо таваҷҷуҳи зиёд менигаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳпарваронаи хориҷиро татбиқ  намуда, дар арсаи байналмилалӣ аз обрӯи сазовор бархӯрдор мебошад. Кишвари Шумо дар сафи аввали мубориза бо маҷмӯи таҳдиду хатарҳои  муосир қарор дорад ва ба фаъолиятҳои дастҷамъонаи давлатҳои аъзои СААД ҷиҳати таҳким бахшидани амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми калон мегузорад.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, аз самими қалб саломатии қавӣ ва дар фаъолиятатон дар маснади олии давлатӣ муваффақиятҳои нав орзу менамоям».

Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат, ҳамчунин, аз номи  Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук ҷаноби Кунио Микурия ва Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҷаноби Зураб Пололикашвили ворид гардиданд.

www.president.tj