30 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
Шоҳи Нидерланд Уилям Александр зимни табрикоти худ овардааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!
Иҷозат фармоед, Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гӯям.
Ман бесаброна интизори идомаи кори муштаракамон дар мавриди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла, ба ҳайси ташкилкунандагони Конференсияи Даҳсолаи захираҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ҳастам. Конференсияи мазкур ҷиҳати ба сатҳи баландтар баровардани вазифаҳои хусусияти ҷаҳонидошта, барқарории муносиботи шарикии нав ва фановарӣ, дастгирии амалҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои умумиҷаҳонии мо нисбат ба захираҳои об, имконияти нодирро фароҳам меоварад.
Итминон дорам, ки муносиботи созандаи байни кишварҳои мо минбаъд низ бар манфиату шукуфоии мардумонамон рушд хоҳанд ёфт».
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон чунин омадааст:
«Ҷаноби Президент!
Ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Сарвари давлати Тоҷикистон мехостам ба Шумо бо таманниёти беҳтарини муваффақиятҳо дар иҷрои ваколатҳои ҷадидатон муроҷиат намоям.
Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Париж, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус, муносибатҳо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла, дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам.
Ман, ҳамчунин, мехоҳам дастгирии Франсияро аз талошҳои Шумо ҷиҳати таъмини суботи минтақа, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва инсонии он таъкид намоям. Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии «5+1», ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд.
Ҷаноби Президент, изҳори эҳтиромоти фоиқаи ин ҷонибро қабул фармоед».
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.