Номаи ҳамдардӣ

№149 (4411) 16.12.2021

14 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Робинетт Байден номаи ҳамдардӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари сар задани тундбоди харобиовар дар якчанд иёлати Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ки муҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрванди кишвар ва хисороти бузурги моддӣ шудааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Америка ва ибрози ҳамдардии ин ҷониб ба наздикону пайвандони фавтидагон, хоҳони шифои комили осебдидагон ҳастем».

www.president.tj