10 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Тоқаев номаи ҳамдардӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!
Ба Шумо ва мардуми Қазоқистон, дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ, бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар, изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам.
Халқи тоҷик бо мардуми бародари Қазоқистон ҳамдард аст.
Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти моро ба наздикону пайвандони қурбониён бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил таманно дорам»