Номаи изҳори тасаллӣ аз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

№27 (4610) 20.02.2023

Стандарти Садои мардум ШанхайҲабдаҳуми феврали соли 2023 дар робита ба оқибатҳои фоҷиабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Чжан Мин номаи ҳамдардӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Хабари фаромадани тарма дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки боиси талафоти одамон ва харобиҳои зиёд гардид, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтам.

Умед дорам, ки оқибатҳои ин офати табиӣ дар минтақаҳои зарардида ҳар чӣ зудтар бартараф карда хоҳанд шуд.

Муҳтарам ҷаноби Президент, тасаллияти амиқи маро ба наздикони ҷонбохтагон ва таманниёти шифои оҷили ин ҷонибро ба осебдидагон қабул фармоед».

www.president.tj