Номаи шодбошӣ

№ 10.03.2023

Стандарти Садои мардум ХитойДаҳуми марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин номаи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам ҷаноби Раис!

Сарфарозам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой самимона табрик намоям.

Интихоб гардидани Шумо ба ин маснади олии давлатӣ боз як нишонаи эътирофи обрӯву эҳтироми баланди Шумо дар ҷомеаи Хитой, ҳамчунин дастгирии якдилонаи роҳи сиёсии Шумо дар кишвар мебошад.

Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамсояи наздик ва шарики боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар шоҳроҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворона пеш рафта, нуфузу мавқеи байналмилалиашро бомаром таҳким мебахшад.

Мо аз ҷараёни густаришу тавсеаи бемайлони шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Хитой, ки бар анъанаҳои қавии дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоду эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созандаи барои ҷонибҳо судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо кишвари Шумо мебошад ва идомаи муколамаи фаъоли байнидавлатии ҳар ду кишварро омили калидии пешбурди муваффақонаи ин раванд медонад.

Бовар дорам, ки мо бо саъю талошҳои муштарак, бахусус дар чорчӯбаи мулоқоту музокироти сатҳи олии дарпешистода, робитаҳои ҳамкории ҳар ду кишварро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Хитой сулҳу осоиш, некуаҳволӣ ва ­шукуфоии устувор орзу менамоям».

www.president.tj