8-уми феврали соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев номаи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович!
Шуморо дар робита ба пирӯзии эътимодбахшатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон сидқан табрик мегӯям. Лутфан, таманниёти беҳтарини маро ба ин муносибат қабул фармоед.
Интихоби дигарбораи Шумо ба ин маснади олии давлатии Озарбойҷони бародар боз як далели равшани боварии баланди ҷомеаи Озарбойҷон ба Шумо ва дастгирии васеи он аз роҳи стратегии Шумо мебошад, ки ба рушди пайвастаи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ҳамзамон, таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст.
Зимни таъкиди саҳми назарраси шахсии Шумо дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Озарбойҷон алоқамандии ҷониби моро ба рушди ҳамаҷонибаи минбаъдаи онҳо изҳор менамоям. Итминон дорам, ки мо дар оянда низ дар баробари пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар ҷиҳати ғанӣ гардондани онҳо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ба нафъи мардумонамон саъю кӯшишҳои муштарак анҷом хоҳем дод.
Ба Шумо, Илҳом Ҳайдаровичи гиромӣ, сиҳатии бардавом ва дар татбиқи тамоми нақшаҳоятон комёбиҳои нави бузург, ба мардуми бародари Озарбойҷон сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзумандам».