Номаи шодбошӣ

№31-32 (4771-4772) 12.03.2024

1Стандарти Садои мардум Пакистан 211-уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ номаи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро расонам.

Мо сатҳи имрӯзаи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баланд арзёбӣ менамоем. Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши минбаъдаи онҳо бар пояи арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар бори дигар таъкид намоям.

Дар ин зимн муколамаи фаъоли байнидавлатии сатҳи олӣ ва баландро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи муносиботи ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст медонем. Бовар дорам, ки мо тавассути саъю талошҳои якҷоя мазмуну муҳтавои муносиботи кишварҳоямонро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн боз ҳам ғанӣ гардонда, рушд хоҳем дод.

Ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комилу беҳрӯзӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон дастовардҳои навин, ба мардуми бародари Покистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии бардавом орзумандам».

www.prezident.tj