Номаи тасаллият

№18 (4601) 31.01.2023

Стандарти Садои мардум ШахбозСиюми январи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф номаи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Пешовар боиси андуҳи беандозаи мо гардид.

Мо ин амали террористии золимонаро қотеъона маҳкум карда, ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми бародари Покистон, ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем».

www.president.tj