26 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди «Душанбе — Қӯрғонтеппа» шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар мегирад ва дар натиҷаи амалӣ гаштани он роҳ аз категорияи «III»-юм ба категорияи «1-Б» гузаронида мешавад. Паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа, роҳ бо харҷи қариб 97 миллион доллар маблағи грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчии байналмилалӣ Ширкати машваратии «КОКС»-и Олмон, машваратчии маҳаллӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Автострада» ва пудратчӣ Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо — «Синдзян Бейсин» мебошанд.
Муҳлати сохтмони роҳ 3 сол муайян шудааст ва он бояд то моҳи октябри соли 2020 мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шавад.
Тибқи нақша дар рафти таҷдид, азнавсозӣ, сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шудааст. Самти ҳаракат аз ду ҷониб ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин, дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳ ба масъулини Вазорати нақлиёт дастур доданд, ки дар вақти татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷрибаро ҷалб намоянд ва ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд.
Ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ низ дастур дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки шоҳроҳи «Душанбе-Қӯрғонтеппа» пойтахтро бо маркази вилояти Хатлону ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон пайваст намуда, дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Бунёду азнавсозии роҳ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионии кишвар аҳамияти муҳиму стратегӣ дорад.
www.president.tj