Оғози бунёди ду муассисаи нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе

№67 (3861) 31.05.2018

42396815552_fa95084dcd_o30 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо лоиҳаи «Бинои таълимӣ барои 1200 хонанда дар як баст дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Гимназияи рақами 53» ба номи Муҳаббат Маҳмудова» шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ду муассисаи таълимӣ ҳар кадоме бо 1200 ҷойи нишаст дар як баст санги асос гузоштанд.

Фармоишгари бунёди иншооти нав Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» мебошанд.

Муассисаи давлатии «Гимназияи рақами 53» аз 6 бинои 4 — ошёна бо таҳхона ва 50 синф­хона, аз ҷумла, 4 синфхонаи лингафонӣ, 4 синфи компютерӣ, синфхонаҳои омӯзишӣ, озмоишгоҳҳои фанҳои физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, мусиқӣ, хореография, нақшакашӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, устохонаҳои коркарди матоъ, фулуз ва чӯб, толори варзишӣ бо 190 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд. Илова бар ин, барои роҳбарият ва омӯзгорон утоқҳои кории замонавӣ бунёд мешавад.

Дар муассиса ҳуҷраҳои духтурон, равоншинос, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ, маҷлисгоҳ бо 560 ҷойи нишаст, ошхона барои синфҳои поёнӣ бо 255 ҷой ва барои синфҳои болоӣ бо 145 ҷой, дӯконҳо, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ мавҷуд аст.

Бунёди Муассисаи давлатии «Гимназияи рақами 53» дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, таҳти рақами 203 аз 19 марти соли 2018 бо маб­лағҳои буҷетӣ амалӣ мегардад.

Муассисаи таълимии миёнаи умумии нав, ки дар шафати гимназияи зикршуда бо дастури Пешвои миллат бунёд мешавад, барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст.

Ин муассисаи нави таълимӣ низ аз чор ошёна иборат шуда, барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо тамоми шароити муосир доро хоҳад буд.

Дар мактаби нав низ синф­хонаҳои барҳавои лингафонӣ, компютерӣ, озмоишгоҳҳои фанҳои физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфҳои мусиқӣ, хореографӣ, нақшакашӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, толори варзишӣ, хуҷраҳои духтурон, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ,  маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ бунёд мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе барои назорати корҳои сохтмонӣ ва ба сохт­мончиён баҳри иҷрои босифати корҳо дастур доданд.

www.president.tj