Оғози бунёди хатти барқи 500-киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби нав

№58 (3359) 22.04.2015

санг

Нимаи дуюми рӯзи 20 апрели соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқи 500-киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Маросими бошукӯҳи мазкур, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ҳамчунин бо иштироки узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Халкии Хитой, роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ин ҳамсоякишвари бузург Чжан Чунсян ҷараён гирифт.

Ба бунёди хатти барқи 500 — киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо сахт кардани мурвати нахустин симпоя ва гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом аз Ҷумҳурии Халқии Хитой оғоз бахшида шуд.

Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки хатти барқи  500-киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ба дарозии 196 километр тӯл кашида, иборат аз 466 симпоя хоҳад буд. Ин лоиҳаи бузург бо харҷи қариб 550 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ба амнияти энергетикии кишвар мусоидати фаъол мекунад. Дар доираи ин тадбир ҳамчунин як силсила лоиҳаҳо, аз қабили сохтмони зеристгоҳи «Шаҳринав — 220  кв», «Ҳисор — 110 кв» ва навбати дуюми Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт татбиқ хоҳад шуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7700 нафар хонанда дар ду баст аз ҷониби ширкати хитойии «ТВЕА», ки татбиқи ин лоиҳаҳоро бар дӯш дорад, дар шаҳри Душанбе ва якчанд ноҳияи дигар бо харҷи 80 миллион сомонӣ сохта мешаванд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳамчунин узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Халқии Хитой, роҳбари ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ин ҳамсоякишвари бузург Чжан Чунсян ва роҳбари ширкати хитойии «ТВЕА» Чжан Син суханронӣ намуда, аз рушди босуботи муносиботи Тоҷикистону Хитой ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба ташаббуси ин кишвари бузург доир ба бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи бузурги абрешим изҳори хушҳолӣ намуданд.

www.president.tj