Оғози бунёди сарбанди «Роғун»

№135 (3615) 01.11.2016

2H7A8006 - копия29 октябри соли равон дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони Ҳукумати мамлакат, ­аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гурӯҳ ҷавонони кишвар ҳамроҳӣ карданд.

Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ — Неругоҳи барқи обии «Роғун» амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозер якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамот аст, ҳусни оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъд аз ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёбад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се ҳадафи стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.

Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд.

Оғози корҳои барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», оғози татбиқи лоиҳаи CАSА — 1000, таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 — киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии «Лолазор», хати интиқоли барқи баландшиддати 220 — киловолтаи «Лолазор – Хатлон», зеристгоҳи барқии «Хатлон», хати интиқоли барқи баландшиддати 500 — киловолтаи «Ҷануб-Шимол», ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 300 мегаватт аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар зарфи бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикис­тон комилан қонеъ гардида, инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшида шавад.

Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассису коргар машғули кор буда, зиёда аз 2100 техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо рафти корҳо дар нақбҳои обпарто аз наздик шинос шуда, ҷараёни тавассути нақбҳои обпарто ба берун баромада, аз он тарафи сарбанд боз дар дарёи Вахш ба маҷрои пешина ҷорӣ шудани обро мушоҳида карданд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъд аз бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикис­тон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад.

Тибқи нақша, навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2018 Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ оғоз мекунад. Нури «Роғун» ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону мутахассисон ва сокинони шаҳри Роғун мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон иштирокчиён ва дар симои онҳо шаҳрвандони кишварро бо оғози корҳои бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» табрику таҳният гуфта, он рӯзро равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон маънидод карданд.

Вобаста ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва аҳамияти бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» роҳи асосии расидан ба истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистон аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба аҳамияту афзалияти Неругоҳи барқи обии «Роғун» таъкид намуданд, ки он бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбор метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида низ ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро, бахусус бо кишварҳои ҳамсоя ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад. Халқи тоҷик асрҳои зиёд бо ҳамсояҳо дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст.

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ӯзбекистони дӯсту бародар дар самтҳои мутақобилан судманд, бахусус обу энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои дигар, ҳамкориҳои неки ҳамсоягиро ба роҳ мондааст, — таъкид доштанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори умед карданд, ки масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва ба манфиати халқҳо ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.

Дар охир Президенти мамлакат ­Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳо дар самти рушди соҳаи энергетика ва умуман, дар бахшҳои ҳаётан муҳимро аз самараи Истиқлолияти давлатӣ маънидод карданд.

www.president.tj