Оғози фаъолияти корхонаи истеҳсоли автобус дар шаҳри Душанбе

№32 - 33 (3982 - 3983) 28.03.2019

47417834131_eba7ec9c10_o19 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.

Сохтмони корхона дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба итмом расонида шуд, ки ҳамчун ширкати муштарак аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати тиҷорати туркии «Улишем» таъсис дода шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи муштарак дар як сол то 300 адад автобус ва шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад буд. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд намудани хатти истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 90 млн. сомониро дар бар мегирад.

Дар корхона 6 хатти истеҳсолӣ-кафшергарӣ, таҳрангмолӣ ва рӯпӯшкунӣ, рангуборкунӣ, бастубанди механикӣ ва электрикӣ ва хатти назорати ниҳоии сифат мавҷуд аст. Ҳар як хатти истеҳсолӣ бо технологияҳои пешрафта ва муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки 200 адад автобуси харидоринамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо шарти бандубасти минбаъда дар кишвар аз ҷониби мутахассисони Корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» анҷом дода шуд.

Мутахассисони корхона барои баланд бардоштани малака ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар гардида, аз рафти истеҳсолоти аввал то ба итмом расонидани истеҳсоли автобусҳо ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт омӯзиш намуданд.

Маҳз баланд бардоштани савияву малакаи мутахассисони маҳаллӣ сари вақт бандубаст кардан ва тибқи тартиби муқарраргардида супоридани автобусҳоро ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе имконпазир гардонид. Акнун як сол аст, ки автобусҳои таҳвил­ёфта ва дар кишвар бандубастгардида дар хатсайрҳои пойтахт ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда ба меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5» мутобиқ буда, дорои муҳаррики ширкати бонуфузи «Мерседес Бенз» ва мутаҳаррики ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» мебошанд. Қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд. Тибқи нақша, бояд марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал, автобуси дохилишаҳрӣ бо дарозии 12 метр ва ғунҷоиши 98 нафар мусофир бо 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст истеҳсол мегардад.

Яке аз хусусиятҳои рақобатноки автобусҳои истеҳсолшаванда дар он аст, ки моделҳои автобуси тамғаи «Акиа» бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд, ки ин ба кам намудани вазни умумӣ оварда мерасонад. Автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, таҷҳизоти гармиву хунукидиҳанда (кондитсионер) муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар назар аст, ки марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад.

Бо бунёду навсозии бино на танҳо дар хатти истеҳсолӣ, балки барои кормандони корхонаи муштарак низ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бино дорои ошхона барои 300 нафар, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи либоскашӣ бо ҷевонҳои алоҳида барои ҳар як корманд, таваққуфгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.

Ба фаъолият оғоз кардани заводи истеҳсоли автобусҳои мусофирбар дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумат — саноаткунонии босуръат гоми устувор мебошад.

Ҳамчунин, он рӯз аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» лоиҳаи Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон муаррифӣ карда шуд. Сохтмони он дар ҳамбастагӣ бо яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ — ширкати туркии «Суперлит Бору» амалӣ карда мешавад.

Қубурҳое, ки ҳангоми амалинамоии лоиҳа истифода мешаванд, асосан аз хориҷи кишвар харидорӣ мегарданд. Тавре маълум аст, бо дарназардошти рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва васеъшавии шаҳру ноҳияҳо, зарурати аввалиндарҷа ба навсозӣ ва барқароркунии шабакаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва канализатсия, инчунин таъминоти майдонҳои кишоварзӣ бо об ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ ба миён омадааст.

Қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар ва оташбардор мебошад. Барои истеҳсоли онҳо асосан қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон зарур аст. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои қуми кварсӣ хеле зиёд мебошанд, ки аз он истеҳсол намудани нахи шишагин низ имконпазир аст. ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» ҷиҳати сохтмони Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ Ёддошти тафоҳумро бо ширкати туркии «Суперлит Бору» ба имзо расонида, дар муҳлатҳои наздик корҳои сохтмониро шурӯъ менамояд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи нақша, корхона дар майдони 4 гектар сохта мешавад ва иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 150 км. қубурро ташкил медиҳад. Диаметри қубурҳои истеҳсолшаванда аз Ø300мм. то Ø3000мм-ро ташкил менамоянд. Дар корхона зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кории доимӣ ­таъмин хоҳанд шуд.

www.president.tj