Худи ҳамон рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба оғози фаъолияти Корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» асос гузошт.
Мавриди зикр аст, ки моҳи январи соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ин корхона санги асос гузошта буд.
Корхонаи сементбарории ҶДММ «Тоҷ-Чайна-2013» аз тарафи Ширкати «Ёқут — 2000» бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда шуд. Иқтидори истеҳсоли солонаи он 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент буда, дар як баст 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд. Баробари ба кор оғоз кардани навбати дуюми корхона боз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Дар ин корхона сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидори бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.
Акнун баъди ифтитоҳи Корхонаи сементбарории ҶДММ «Тоҷ-Чайна — 2013» иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарории мамлакат афзун гардида, воридоти ин маводи сохтмонӣ аз хориҷ коҳиш меёбад ва ба поён рафтани нарх мусоидат хоҳад кард.
Баъди ифтитоҳи корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкат супориш дод, ки мутахассисони маҳаллӣ барои фаъолият дар ин ҷо омӯзонида шуда, 99 фоизи онҳо аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шавад.
Баъди ифтитоҳи корхона дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди коргарону мутахассисон суханронӣ намуда, оғози фаъолияти ин коргоҳи саноатиро табрик намуд.
www.president.tj